Январ 05, 2017 17:25 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон. Қатли як зан, корманди пулис ба дасти Толибон

Толибон як занро, ки корманди пулис дар вилояти Ҳилманди Афғонистон буд, ба зарби гулӯла кушт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, мақомоти маҳаллии вилояти Ҳилманди Афғонистон эълом кардаанд, ин зани пулис, ки барои боздид аз хешу табори худ ба ноҳияи Новаи ин вилоят рафта буд, ҳадафи ҳамлаи афроди Толибон қарор гирифт.

Гули Хон, яке аз масъулони маҳаллии вилояти Ҳилманд гуфт, зане, ки кушта шуд, дар идораи мубориза бо маводи мухаддири пулиси Ҳилманд хидмат мекард. Ӯ афзуд, шавҳари ин зан низ нопадид шудааст.

Шумори занҳо дар нерӯҳои пулиси Афғонистон ҳудуди ду ҳазор нафар аст ва Вазорати кишвар қасд дорад, теъдоди онҳоро ба 10 ҳазор нафар бирасонад.

Куштори ин зани пулис дар вилояти Ҳилманди Афғонистон дар ҳолест, ки Раҳима Ҷомӣ, намояндаи мардуми Ҳирот дар парлумони Афғонистон муддаӣ шудааст, 20 нафар аз муҳофизони мусаллаҳи Акбар Станакзай, намояндаи мардуми Лугар ба хонаи ӯ дар ҳавзаи шашуми амнияти шаҳри Кобул ҳамла карданд, ки дар натиҷаи ин даргириҳо ду нафар захмӣ шудааст. Ҷомӣ афзуд, пас аз ин ҳамла пулиси Кобул шаш нафар аз муҳофизони Станакзайро боздошт кард. Аммо Акбар Станакзай, намояндаи мардуми Лугар дар парлумони Афғонистон ин иддаои намояндаи Ҳиротро рад кардааст.

 

Барчасп