Март 18, 2024 09:59 Asia/Dushanbe
  • Идомаи тазоҳуроти ҳомиёни миллати Фаластин дар саросари ҷаҳон
    Идомаи тазоҳуроти ҳомиёни миллати Фаластин дар саросари ҷаҳон

Мардуми кишварҳои мухталиф бори дигар бо баргузарии тазоҳурот ва  таҷаммуъҳои мухталифи ҳимояти худро аз миллати мазлӯми Фаластин эълом карданд .

Ба гузориши шабакаи телевизионии Алҷазира , ҳомиёни Фаластин дар шаҳри Париж , пойтахти Фаронса бо барпоии тазоҳурот , таваққуфи фаврии ҷанги режими наслкуши саҳюнистии алайҳи фаластиниён дар борикаи Ғазза ва оташбаси фаврӣ дар ин минтақаро хостор шуданд .

 

Дар тазоҳуроти ҳомиёни Фаластин дар шаҳри Париж, муътаризон давлати Фаронсаро ба даст доштан дар ҷиноёти режими наслкуши саҳюнистии зидди фаластиниён муттаҳам карданд ва аз давлати Фаронса таваққуфи содироти низомии ин кишвар ба режими наслкуши саҳюнистӣ ва  худдорӣ аз ворид кардани тавлидоти ин режими ишғолгар ба Фаронсаро дархост карданд .Донишомӯзон ва  донишҷӯёни ҳомии Фаластин дар шаҳри Мелбурни Австралия низ бо барпоии таҷаммуъ шиори “ Фаластин бояд озод шавад ; мубориза дар роҳи Фаластин идома дорад “ сардоданад .

 

Ҳомиёни Фаластин дар шаҳри Торонтои Канада низ бо барпоии тазоҳуроте муқобили маҳали ҷамъоварии кумакҳои молии Ҷостин Трудеау , нахуствазири Канада , ӯро ба ҳимоят аз ҷиноёти режими наслкуши саҳюнистии зидди Фаластин муттаҳам карданду таваққуфи оташбаси фаврӣ дар борикаи Ғазза шуданд .

 

Ҳомиёни Фаластин дар Сеоул, пойтахти Кареяи Ҷанӯби ҳам бо таҷаммуъ муқобили сафорати Амрико таваққуфи ҷанги режими саҳюнистии зидди фаластиниён дар борикаи Ғаззаро хостор шуданд ва  сафар « Энтонии Блинкен » вазири умури хориҷаи Амрико ба Кареяи Ҷанӯбиро маҳкӯм карданд .

Шаҳрвандони Шветсия низ бо баргузарии тазоҳурот ҳимояти худро аз миллати мазлӯми Фаластин эълом карданд .

 

Ҳомиёни мардуми Фаластин дар саросари ҷаҳон дар моҳҳои ахир бо баргузарии тазоҳурот , ҷиноёти режими саҳюнистии зидди мардуми борикаи Ғаззаро маҳкӯм кардаанд .

Барчасп