Январ 05, 2017 21:27 Asia/Dushanbe
  • Чин ба Трамп: “Твиттер”-ро таътил кун!

Ба дунболи интиқодҳои раисҷумҳури мунтахаби Амрико дар сафҳаи “Твиттер”-аш аз чиниҳо Пекин аз алоқаи Доналд Трамп ба истифода аз “Твиттер” ба шиддат интиқод кард.

Хабаргузории “Синхуа” аз Трамп ба далели истифода аз “Твиттер” барои анҷоми умури муртабит ба равобити байналмилалӣ ва дипломатия ба шиддат интиқод карда навишт: “Ин алоқаи шадид ба "дипломатияи твиттерӣ" номатлуб аст. Ин як асли пазируфта шудааст, ки дипломатия бозии кӯдакона нест, ҳатто ба як муомилаи тиҷорӣ ҳам шабоҳат надорад".

“Синхуа” дар ин матлаб ба нақл аз Модлен Олбрайт, вазири умури хориҷии пешини Амрико таъкид кардааст, “Твиттер” набояд абзори сиёсатгузории хориҷӣ бошад.

Трамп ба далели изҳороти ғайриқобили пешбинияш дар шабакаи иҷтимоии “Твиттер”, ки бар хилофи суннати роиҷи мақомҳои баландпояи Амрико аст, ба шуҳрат расидааст. Раисҷумҳури мунтахаби Амрико дар ҳафтаҳои ахир борҳо аз “Твиттер” барои ҳамла ба сиёсатҳои Ҳукумати Чин истифода кардааст.

 

Барчасп