Август 01, 2016 20:06 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти хунини Толибон дар Кобул

Дар ҳоле ки гурӯҳи Толибон ҳамлаи ахири гурӯҳи террористии ДИИШ-ро ба тазоҳуроти ҳазораҳо дар Кобул маҳкум кардааст, масъулияти инфиҷори мошинҳои боркаши ҳомили маводи мунфаҷираро дар ин шаҳр худ ба уҳда гирифтааст.

Толибон эълом кард, ин инфиҷор бо ҳадафи ҳамла ба як пойгоҳи низомӣ дар наздикии меҳмонхонаи "Northgate" сурат гирифта, чаҳор муҳоҷими мусаллаҳ дар он мушорикат доштаанд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар сафҳаи "Твиттер"-и ин гурӯҳ эълом кард, дар ин ҳамла ҳудуди 100 нафар, ки ононро мутаҷовиз номид, кушта шуданд. Дар ҳамлаи террористии ДИИШ ба ҳазораҳо низ дастикам 80 нафар кушта ва беш аз 230 нафар маҷрӯҳ шуданд. Онон ба даъвати Ҷунбиши рӯшаноӣ ва дар эътироз ба интиқоли барқи воридотӣ аз Туркманистон аз масири Соланг ба ҷойи Бомиён ба таври мусолиматомез эътироз мекарданд, ки ҳадафи ҳамлаи террористии ДИИШ қарор гирифтанд.

Толибон дар идомаи амалиёти худ ба меҳмонхонаи "Northgate" низ ҳамла кард, ки ба гуфтаи пулиси Афғонистон, ин ҳамла бо кушта шудани се муҳоҷими Толибон поён ёфт.

Нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки Толибон дар ҳоле ба ҳамалоти хунини худ дар Кобул идома медиҳад ва мӯҷиби ваҳшату ноамнӣ барои мардуми Афғонистон мешавад, ки сухангӯи ин гурӯҳ ҳамлаи террористии ДИИШ-ро дар Кобул ҷинояту фитна унвон карда буд. Аз ин рӯ, мардуми Афғонистон ин саволи муҳимро матраҳ мекунанд, ки Толибон бо кадом мантиқ ва истидлол миёни куштори мардум аз сӯйи худ ва гурӯҳи террористии ДИИШ тафовут қоил мешаваду ҳамалоти хунини худро муваҷҷаҳу қобили дифоъ, аммо ҳамалоти ДИИШ-ро ҷинояту фитнаи арзёбӣ мекунад? Ин дар ҳолест, ки куштори мардуми бегуноҳ бо ҳар баҳона ва тавҷеҳи ғайриқобили қабул ҷиноят аст, вале Толибон бо сарфи назар аз ин ки қасди ҳамла ба нерӯҳои хориҷиро дораду барои ихроҷи онон ба ҳамалоти худ идома медиҳад, наметавонад ҷиноёти худро тавҷеҳ кунад.

Аз дидгоҳи маҳофили сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабӣ, идомаи ҳамалоти хунини Толибон дар Афғонистон натанҳо фазои лозимро барои идомаи фаъолияти гурӯҳҳои террористие ҳамчун ДИИШ дар ин кишвар фароҳам меорад, балки ҷойгоҳи Толибонро дар миёни паштунҳо беш аз пеш тахриб  мекунад. Толибон, ки иддаои мазҳабӣ будан ва талош барои ҳалли мушкилоти мардуми Афғонистонро дорад, бояд бо истифода аз омӯзаҳои саҳеҳи Ислом, ки хушунати зиёди бегуноҳон ва ғайринизомиёнро манъ мекунад, беш аз пеш барои барқарор кардани амнияту эҷоди оромиш дар ин кишвар талош кунад. Пайвастан ба раванди сулҳи Афғонистон ва ҳамкорӣ бо давлат барои муқобила бо терроризм хости мардуми Афғонистон аз Толибон аст. Ин бад-он маъност, ки мардуми ин кишвар баъд аз солҳо ҷанги дохилӣ акнун барои сохтани кишвари ободу озод ва ояндаи равшан барои фарзандонашон талош мекунанд. Дар чунин ҳол, ҳар гуна иқдоми муғойири ин хости мардум аз сӯйи Толибон метавонад ҷойгоҳи онро дар ҷомеаи Афғонистон беш аз пеш тахриб кунад ва Толибонро дар радифи гурӯҳҳое қарор диҳад, ки ин гурӯҳ ҳамалоти онҳоро ҷиноят ва фитна донистааст.

Барчасп