Русҳо Путинро бартарин сиёсатмадори соли 2016 донистанд
Натоиҷи як назарсанҷӣ нишон медиҳад, ки русҳо дар соли 2016 раиси ҷумҳурии кишварашонро бартарин сиёсатмадор донистаанд.
Ба гузориши ИРНА, натоиҷи назарсанҷии Маркази мутолеаи афкори умумии саросарии Русия, ки рӯзи ҷумъа интишор ёфт, нишон медиҳад, 33 дарсад аз мардуми Русия ҷанги Сурия ва таҳаввулоти ин кишварро муҳимтарин ҳаводиси соли 2016 медонанд.
Русҳо ҳамчунин монанди соли 2015 барои соли 2016 низ Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русияро бартарин сиёсатмадор эълом карданд ва 64 дарсад ба вай раъй доданд ва сипас Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русияро бо 18 дарсад интихоб карданд.
31 дарсади посухдиҳандагон ба назарсанҷии ин марказ низ интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрикоро дар радифи муҳимтарин мавзӯоти соли гузашта эълом карданд.
Қудратнамоии низомӣ дар баробари Ғарб, ба вижа нуфузи созмони НАТО дар шарқи Аврупо ва минтақаи баҳри Балтикаи наздики Русия, пайвастани шибҳиҷазираи Қрим ба ин кишвар дар соли 2014, иҷрои роҳбурди зиддитерористӣ бо ҳамкории Сурия ва саркӯби террористҳо дар ин кишвар дар моҳҳои ахир аз далоили аслии афзоиши ҷойгоҳи мардумии Путин дар Русия шинохта мешавад.