Апрел 03, 2024 21:51 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоди Аврупо ҳамла ба сохтмонҳои дипломатии Эрон дар Димишқро маҳкум кард
    Иттиҳоди Аврупо ҳамла ба сохтмонҳои дипломатии Эрон дар Димишқро маҳкум кард

Дафтари сухангӯии Хадамоти иқдоми хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи чаҳоршанбе бо судури баёнияе ҳамлаи режими саҳюнистӣ алайҳи консулгарии Эрон дар Сурияро маҳкум кард.

Дар ин баёния омадааст: Иттиҳоди Аврупо ҳамла ба сохтмонҳои дипломатии Эрон дар Димишқ ва ҳамчунин талафоти гузоришшударо маҳкум мекунад.

Дар поёни ин баёния омадааст: Асли масун мондани маконҳои персонали дипломатӣ ва консулӣ бояд дар ҳамаи маворид ва дар ҳар шароите, мутобиқ бо қонунҳои байналмилалӣ риоят шавад.

 

Барчасп