Апрел 08, 2024 11:46 Asia/Dushanbe
  • Идомаи тазоҳуроти ҳомиёни Фаластин дар саросари ҷаҳон

Ҳомиёни Фаластин дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон бо барпоии тазоҳурот, бар таваққуфи фаврии ҷанги режими наслкуши Исроил зидди мардуми мазлӯми Фаластин дар Борикаи Ғазза таъкид карданд.

Ба гузориши ИСНА, садҳо урдунӣ бори дигар дар ҳимоят аз мардуми мазлӯми Фаластин дар Борикаи Ғазза, якшанбешаб муқобили сафорати режими наслкуши Исроил дар Уммон, пойтахти Урдун тазоҳурот карданд.

Тайи рӯзҳои гузашта низ тазоҳуротҳои мушобеҳе муқобили сафорати режими ғосиби саҳюнистӣ дар Уммон ва бархе дигар аз кишварҳои арабӣ дар ҳимоят аз мардуми Борикаи Ғазза баргузор шуда буд.

 

Барчасп