Ҳимояти Чин аз узвияти Фаластин дар Созмони Милали Муттаҳид
Вазири умури хориҷаи Чин аз узвияти расмии кишвари мустақили Фаластин дар СММ ҳимоят кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ванг Йи пеш аз ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ дар Нию-Йорк бо таъкиди инки кишвараш аз узвияти расмии Фаластин дар ин созмон ба унвони як кишвари мустақил ҳимоят хоҳад кард, гуфт:Ҳамлаи режими наслкуши Исроил ба борикаи Ғазза боиси як фоҷиаи инсонӣ шуда ва давлати Чин бо таъкид бар барқарории оташбаси фаврӣ ва бидуни қайд ва шарт, эҷоди механизми кумакҳои башардӯстона барои ҷилавгирӣ аз ташдиди бештар дар ин минтақаро хостор аст.
Ахиран Мао Нинг-сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин низ гуфт:Ҳамлаи Исроил ба борикаи Ғазза ва буҳрони инсонии шадиди бархоста аз он, бори дигар ёдоварӣ мекунад, ки танҳо роҳи поён додан ба даври ботили ин даргириҳо, иҷрои комили роҳи ҳалли эҷоди кишвари мустақили Фаластин ва ҷуброни беадолатии таърихӣ аст, ки фаластиниён муддатҳо мутаҳаммили он будаанд.
Ташкилоти худгардони Фаластин ахиран ба шакли расмӣ аз Шӯрои Амнияти Созмони Миллал баррасии дубораи дархости узвияти комили Фаластин дар ин ниҳоди байналмилалиро хостор шуд.
Ташкилоти худгардони Фаластин аввалин бор дар соли 2011 дархости узвият дар СММ-ро матраҳ карда буд.