Апрел 19, 2024 20:38 Asia/Dushanbe
  • Юна Билоро, раҳбари ҳизби чаргарои Пудмуси Испания
    Юна Билоро, раҳбари ҳизби чаргарои Пудмуси Испания

Раҳбари Ҳизби Пудмуси Испания бо интиқод аз риёкории Иттиҳоди Аврупо дар ҷорӣ кардани таҳрим алайҳи Эрон ҳамзамон бо чашмпӯшӣ аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ, ин иттиҳодияро ба ҳамдастӣ дар куштори фаластиниён муттаҳам кард.

Юна Билоро, раҳбари ҳизби чаргарои Пудмуси Испания панҷшанбе дар шабакаи иҷтимоии Икс навишт: Шӯрои Аврупо таҳримҳоеро алайҳи Эрон ба далели ҳамла ба Исроил тасвиб хоҳад кард. Ҳамон шӯрое, ки ҳатто пас аз беш аз 30 ҳазор қурбонии бегуноҳ, натавониста ҳеҷ таҳримеро алайҳи Натанёҳу эъмол кунад.

Шарл Мишел, раиси Шӯрои Аврупо панҷшанбе дар бораи амалиёти танбеҳии “Ваъдаи содиқ”-и Ҷумҳурии исломии Эрон алайҳи Исроил гуфт: Анҷоми ҳар коре барои мунзавӣ кардани Эрон ҳоизи аҳамият аст. Ин иттиҳодия дар ҳоли ҳозир таҳримҳои зиёде алайҳи Эрон эъмол кардааст.

Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо низ панҷшанбе дар бораи эҳтимоли ташдиди сиёсати шикастхӯрдаи таҳримҳо алайҳи Эрон гуфт: Мо раванде дорем, ки интиқоли қатаоти мавриди ниёз барои тавлиди мушаку паҳподро ба Эрон мамнуъ мекунад. Ин раванд дар июли 2023 эҷод шуд ва акнун бояд бознигарӣ ва онро густариш диҳем.

Британия низ рӯзи панҷшанбе дар пайи иқдоми танбеҳии Эрон дар баробари иқдоми таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ, шуморе аз шахсиятҳо ва ниҳодҳои низомии Эронро таҳрим кард.

Вазорати хазонадории Амрико низ таҳримҳои ҷадиде алайҳи саноеъ ва ширкатҳои сохти паҳпод ва таъминкунандаи як корхонаи фӯлодсозии эронӣ эъмол кард.

 

Барчасп