Апрел 20, 2024 10:35 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Амрико : Дар ҳеҷ иқдоми таҳоҷумӣ алайҳи Эрон мушорикат накардаем

Вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, ки Амрико дар ҳеҷ иқдоми таҳоҷумӣ алайҳи Эрон мушорикат накардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Энтони Блинкен,вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба интишори ахборе дар бораи ҳамлаи иддаоии режими саҳюнистӣ ба хоки Эрон, муддаӣ шуд, ки Амрико дар ҳеҷ иқдоми таҳоҷумӣ алайҳи Эрон мушорикат надоштааст.

Вазири умури хориҷаи Амрико дар идомаи суханони худ бори дигар дар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ афзуд: Мо ҳамлаи бесобиқаи Эрон ба Исроилро маҳкум мекунем ва дар айни ҳол аз ду тараф мехоҳем, ки танишҳоро коҳиш диҳанд.

 Ин изҳорот дар вокуниш ба ҳодисаи бомдоди дирӯз, ки мушоҳидаи чанд резпаранда дар осмони маркази Эрон буд, марбут мешавад, ки билофосила тавассути сомонаҳои падофандии Ҷумҳурии Исломии Эрон нобуд шуда буданд.

 Энтони Блинкен ба тозагӣ дар ҷамъи гурӯҳе аз раҳбарони амрикоии яҳудӣ таъкид карда буд, ки ташдиди таниш бо Эрон дар ростои манофеъи Амрико ва режими саҳюнистӣ нест.

 

 

Барчасп