Муфтии аъзами Русия талошҳои раҳбари Эрон барои истиқрори адолату сулҳро сутуд
(last modified Sun, 21 Apr 2024 13:22:03 GMT )
Апрел 21, 2024 18:22 Asia/Dushanbe
  • Суханҳои Равил Ғайнуддин дар бораи имом Хоманаӣ
    Суханҳои Равил Ғайнуддин дар бораи имом Хоманаӣ

Раиси Идораи умури динии мусулмонони Русия гуфт, даъвати Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон ба маънавияту арзишҳои ахлоқии ҷаҳонӣ, идомабахши суннатҳои мусулмонон дар ҷиҳати истиқрори адолату таҳкими сулҳ аст.

Ба гузориши ИРНА, ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии Идораи умури динии мусулмонони Русия, муфтӣ шайх Равил Ғайнуддин, раиси Идораи умури динии мусулмонони Русия гуфт, тамоми фаъолиятҳову талошҳои Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон барои иттиҳоди уммати ҷаҳонӣ, маътуф ба таҳаққуқи фармонҳои холиқи мутаол аст.

Ғайнуддин аз ҷониби Шӯрои муфтиён, уммати 25 миллионнафарии Русия ва низ аз ҷониби Идораи динии мусулмонони Русия хитоб ба ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон афзуд: Шумо як шахсияти мусулмони мавриди эҳтирому саршинос ва раҳбари маънавии мардуми Эрон ҳастед. Мардуме ки вориси таърихе пурбору намояндаи бахши муҳиму таъсиргузоре дар ҷаҳони Ислом ҳастанд.

Раиси Идораи умури динии мусулмонони Русия ибрози умедворӣ кард, талошҳои шоиставу худописандонаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ростои дини мубораки Ислом ва манофеи мусулмонон заминасози сулҳи ҷаҳонӣ ва эҳқоқи ҳаққи ҳамаи миллатҳо, аз ҷумла миллатҳои мусулмон шавад.