Апрел 24, 2024 11:48 Asia/Dushanbe

Нахуствазири Англия бо сафар ба Полша, ҳамсояи Украина, аз бузургтарин бастаи кумакҳои низомии Англия ба Украина рӯнамоӣ кард.

Ба гузориши Сервиси байналмилали Хабаргузории садо ва симо аз Лондон, пас аз он ки Амрико кумаки моливу низомии 61 миллиарддолларӣ ба Украинаро тасвиб кард, Риши Сунак, нахуствазири Англия низ бо сафар ба Полша, ҳамсояи Украина, аз бузургтарин бастаи кумакҳои низомии Англия ба Украина рӯнамоӣ кард.

Тозатарин кумакҳои давлати Англия ба Украина, шомили 500 миллион фунт стерлинг барои умури низомӣ, 400 худрави низомӣ, 1600 қабза силоҳ ва 4 миллион муҳимоти анвоъи адавоти ҷангӣ аст.

 

Барчасп