Вокуниши Гулен ба иддаои дахолаташ дар кудатои Туркия
(last modified Mon, 01 Aug 2016 16:10:46 GMT )
Август 01, 2016 21:10 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Гулен ба иддаои дахолаташ дар кудатои Туркия

Фатҳуллоҳ Гулен бори дигар ҳаргуна дахолати мустақими худро дар кудатои нофарҷоми ахир дар Туркия, рад кард.

Фатҳуллоҳ Гулен рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо шабакаи телевизиюнии СНН гуфт, мумкин аст, бархеи ҳомиёни ӯ дар барномарезии кудато нақш дошта бошанд, аммо сенарияи иртиботи мустақими худи ӯ бо ин мавзӯ, "иддаои бе асоси" давлати Туркия аст.

Гулен ҳамчунин бори дигар бо маҳкӯм кардани кудатои нофарҷоми Туркия, хостори ташкили ниҳоди байналмилалӣ барои таҳқиқ дар бораи иддаои Анкара шуд, ки ӯро бо ин кудато муртабит медонад.

Гулен гуфт, кудаточиён заминаро аз пеш фароҳам карда буданд ва метавон фаҳмид, ки тарҳ ва нақша доштаанд.

Мақомоти Анкара Гуленро, ки дар табъид дар Амрико зиндагӣ мекунад, омили аслии талош барои анҷоми кудатои 15 июл муаррифӣ кардаанд.

Давлати Туркия ҳамчунин дар рӯзҳои гузаштаи чандин бор истирдоди раҳбари ҷумбиши "Хизмат"-ро аз Амрико хостор шудааст, аммо Вашингтон дар посух эълом кардааст, бояд қавонини истирдодро баррасӣ кунад ва феълан тасмиме барои пазириши дархости Туркия надорад.