Январ 08, 2017 14:30 Asia/Dushanbe
  • Ҷон Керрӣ: ДИИШ барои сарнагунии давлати Асад эҷод шуд

Вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, Вашингтон бо ҳадафи сарнагунии Башор Асад иҷоза дод, ДИИШ қудрат бигирад.

Ба гузориши ал-Олам, як файли савтӣ аз сӯҳбатҳои маҳрамонаи Керрӣ ифшо шуда, ки дар он Ҷон Керрӣ таъкид мекунад, Вашингтон иҷоза дод, ДИИШ дар Сурия қудрат бигирад, то битавонад Асад-раисиҷумҳури қонунии ин кишварро барои канор рафтан аз қудрат, ба самти музокира бикашонад, аммо Русия иҷозаи чунин чизеро надод.

 Вай мегӯяд: «далеле, ки Русияро ба маърака кашонд, ин буд, ки ДИИШ дар ҳоли қавӣ шудан буд. Эҳтимол дошт ДИИШ ба Димишқ биравад. Ба ҳамин далел Русия мудохила кард, зеро онҳо давлати диишӣ намехостанд ва аз Асад ҳимоят карданд.»

Ҷон Керрӣ идома медиҳад: «медонистем, ки ин таҳдид (лашкаркаши ДИИШ ба Димишқ ва эҳтимоли таъсиси давлат) рӯ ба рушд буд. Мо тамошо мекардем. Мо шоҳиди қудрат гирифтани ДИИШ будем.»

 Вай тасреҳ кард, Амрико гумон дошт Асад суқут кунад, ба ҳамин хотир умедвор шуд, ки ӯ ба самти музокира биёяд, аммо ба ҷои ин иттифоқ, бо ҳимояти Владимир Путин-раисиҷумҳури Русия аз Асад мувоҷеҳ шуданд.  Файли савтии ин суханони Ҷон Керрӣ дар дидор бо намояндагони гурӯҳҳои мухолифи суриро пештар шабакаи телевизионии СНН ва рӯзномаи “Ню-Йорк таймз” мунташир карда буд, аммо 35 дақиқа аз он ки марбут ба ҳимояти Вашингтон аз ДИИШ буд, дар ин расонаҳои амрикоӣ ҳазф шуд. Пойгоҳи ифшогари Викиликс дар таъйиди изҳороти Доналд Трамп,раисиҷумҳури мунтахаби Амрико дар робита бо таъсиси гурӯҳи террористии ДИИШ дар давлати Барак Обама-раисиҷумҳури ин кишвар, файли савтии ин изҳороти Ҷон Керрӣ, дар 22 сентябри гузаштаро мунташир кардааст.

 

Барчасп