Худсӯзии роҳиби кореяӣ дар эътироз ба тавофуқи Корея бо Ҷопон дар бораи бардаҳои ҷинсӣ
(last modified 2017-01-08T11:18:03+00:00 )
Январ 08, 2017 16:18 Asia/Dushanbe
  • Худсӯзии роҳиби кореяӣ дар эътироз ба тавофуқи Корея бо Ҷопон дар бораи бардаҳои ҷинсӣ

Як роҳиби буддоӣ дар Кореяи ҷанубӣ дар эътироз ба тавофуқи давлати ин кишвар бо Ҷопон дар мавриди поён додан ба масъалаи бардаҳои ҷинсӣ, худсӯзӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Донишҷӯёни Эрон (ИСНА), ин тавофуқ дар декабри соли 2015 ба даст омад ва ду тараф пазируфтанд, дар ивази хисорате, ки давлати Ҷопон ба қурбониёни сӯиистифодаи ҷинсӣ мепардозад, ихтилофоти Сеул ва Токио дар ин мавзӯъ поён ёбад.

Масъалаи бардаҳои ҷинсӣ ба даврони ҷанги ҷаҳонии дуввум марбут аст, ки сарбозони ҷопонӣ аз занони кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Кореяи ҷанубӣ ва Чин сӯиистифода кардаанд. Ин тавофуқ бо мухолифатҳои густарда дар ин кишварҳо мувоҷеҳ шудааст.

Ахиран насби муҷассамаи биринҷии зане ба унвони ёдбуди қурбониёни бардагии ҷинсӣ дар наздикии консулгарии Ҷопон дар бӯстони Кореяи ҷанубӣ, равобити ду кишварро дубора муташанниҷ кард.

Ҷопон дар эътироз ба ин иқдоми давлати Кореяи ҷанубӣ сафири худро аз Сеул фаро хонд.

Гуфта мешавад, дар Кореяи ҷанубӣ 46 тан аз қурбониёни сӯиистифодаи ҷинсии сарбозони ҷопонӣ ҳанӯз зиндаанд.

Дар Кореяи ҷанубӣ Порк Гун Ҳой (Пак Кин Хе), раиси ҷумҳурии ин кишвар, ки истизоҳ (пурсуҷӯ) шудааст, ба хотири имзои ин қарордод "хоин" номида мешавад.