Август 01, 2016 21:21 Asia/Dushanbe
  • Хашми Натаняҳу аз кишварҳои аврупоӣ

Ҳимояти Аврупо аз гурӯҳҳои зидди саҳюнистӣ, хашми Натаняҳуро барангехта аст.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Бинямин Натаняҳу-нахуствазири режими саҳюнистӣ аз ҳимояти кишварҳои аврупоӣ бавижа Фаронса аз гурӯҳҳои мухолифи Исроил, интиқод кард.

Вай гуфт, натоиҷи таҳқиқоти Тел-Авив ҳокӣ аз « ҳимояти бархе кишварҳои аврупоӣ аз ҷумла Фаронса аз чанд ниҳоде аст, ки дар иқдоме таҳрикомез таҳрими Исроилро хостор ҳастанд ва ҳаққи мавҷӯдияти Исроилро ба расмият намешиносанд».

Мавҷи таҳрими режими Исроил дар Аврупо ҳамчунон рӯ ба густариш аст, ба тавре, ки чанде пеш 300 гурӯҳи аврупоӣ аз ҷумбиши таҳрими Исроил "BDS", ҳимоят карданд.

Барчасп