Барафроштани парчами Фаластин дар парлумони Италия
(last modified Wed, 29 May 2024 13:31:18 GMT )
Май 29, 2024 18:31 Asia/Dushanbe
  • Барафроштани парчами Фаластин дар парлумони Италия

Шуморе аз намояндагони опозисиони ҷунбиши «Панҷ ситора» дар парлумони Италия парчами Фаластинро ба эҳтизоз дароварданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Рикардо Рикярди-яке аз намояндагони парлумони Италия ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи парлумони ин кишвар ва дархост барои ба расмият шинохтани кишвари мустақили Фаластин ва бархе намояндагони маҷлис  парчамҳои Фаластин ва сулҳро боло бурданд.

Рикярди «стандартҳои дугона»-и давлати рости ифротии Георгия Милони-нахуствазири Италия дар қиболи Фаластинро маҳкум кард.

 Давлати Милони аз як су муддаӣ аст, ки аз роҳи ҳалли ду давлат ҳимоят мекунад, аммо моҳи гузашта ба қатъномаи Созмони Милал дар бораи узвияти комили Фаластин дар ин ниҳоди байналмилалӣ раъйи бетарафона дод.

 Дафтари раёсати парлумони Италия аз намояндагоне, ки парчами Фаластинро барафроштанд интиқод ва эълом кард, ки муҷозоте барои ин намояндагон дар назар гирифта нашудааст, аммо ин масъала баррасӣ хоҳад шуд.

 Дар ҳамин ҳол Себастиен Делогу-узви парлумони Фаронса дар ҷараёни тарҳи пурсиш аз давлати ин кишвар, парчами Фаластинро барои лаҳзоте дар парлумони Франса болои дастон худ ба эҳтизоз даровард ва бори дигар ҳимояти қотеъи худро аз ормони Фаластин ба намоиш гузошт.

 Кишварҳои Норвегия, Испания ва Ирландия низ ахиран Фаластинро ба расмият шинохтанд.

  Испания имрӯз чаҳоршанбе (29 май) ва ба фосилаи як рӯз аз ба расмият шинохтани кишвари Фаластин, мизбони ҳайати бузурге аз вазирони умури хориҷаи кишварҳои арабӣ аз ҷумла Арабистон, Урдун, Миср, Амороти муттаҳидаи арабӣ ва Қатар бо мавзӯъи Фаластин мешавад.

  18 апрел дар ҳоле, ки 12 узви Шӯрои Амният аз ҷумла Русия ва Чин ба қатъномаи пазириши узвияти комили Фаластин дар СММ раъйи мусбат доданд, Амрико ин қатъномаро вето кард.

 То кунун 144 кишвари ҷаҳон кишвари мустақили Фаластинро ба расмият шинохтанд.