Ҳимояти Чин аз ташкили кишвари мустақили Фаластин
-
Ҳимояти Чин аз ташкили кишвари мустақили Фаластин
Раиси Ҷумҳурии Чин аз ташкили кишвари мустақили Фаластин ҳимоят кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , « Сӣ Ҷинпин » раиси Ҷумҳурии Чин бо таъкиди инки адолат дар ғарб Осиё наметавонад барои ҳамеша мафқуд бошад , гуфт , омодаи ҳамкорӣ бо тарафҳои арабӣ барои ҳали масоили марбӯт ба нуқоти пуртаниш аст ба гӯнае, ки заминаро барои дастёбӣ ба сулҳу суботи пойдор фароҳам кунад .
Сӣ Ҷинпин , бо ишора ба инки Пекан аз баргузарии конфаронси сулҳи густарда дар мавриди муноқишаи ғарби Осиё ҳимоят мекунад , тасреҳ кард ҷанг наметавонад барои ҳамеша идома ёбад .
Раиси Ҷумҳурии Чин тасреҳ кард , Пекан аз талоши фаластиниҳо барои дастёбӣ ба узвияти комил дар Созмони Милали муттаҳид низ ҳимоят ва пуштибонӣ мекунад .
Ба дунболи тадовуми наслкушии режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳимояти худро барои ба расмият шинохтани кишвари мустақили Фаластин дар Созмони Милали эълом карданд ва ин ҷараён ҳамчунон идома дорад .
Кишварҳои Испания , Норвегия , Ирландия , Малта ва Словения дар рӯзҳои гузашта кишвари мустақили Фаластинро ба расмият шинохтанд .
Фаластин дар ҳоли ҳозир узви нозир дар Созмони Милал аст . Токунӯн 143 кишвари ҷаҳони кишвари мустақили Фаластинро ба расмияти шинохтаанд .