Таъкиди муҷаддади Гросси бар сулҳомез будани барномаи ҳастаии Эрон
(last modified Tue, 04 Jun 2024 13:52:05 GMT )
Июн 04, 2024 18:52 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди муҷаддади Гросси бар сулҳомез будани барномаи ҳастаии Эрон
    Таъкиди муҷаддади Гросси бар сулҳомез будани барномаи ҳастаии Эрон

Мудирикули Ожонси энержии атомӣ бори дигар бар сулҳомезбудани барномаи ҳастаии Эрон таъкид кард .

Ба гузориши хабаргузории Меҳр ; Гросси дар суханоне бо ишора ба сулҳомезбудни барномаи ҳастаии Эрон эълом кард : Додае дар ихтиёр надорем ки исбот кунад Эрон дар ҳоли ҳозири барномае барои сохти силоҳи атомӣ дорад .

Мудирикули Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар айни ҳол муддаӣ шуд : Эрон ураниюмро бо дарсади болои ғанисозӣ мекунад ва мо нигаронии худро дар ин робита эълом кардаем .

Мудирикули Ожонси байналмилалии энержии атомии рӯз ( душанбе ) низ дар ифтитоҳия нишасти фаслии Шуроӣ ҳукком гуфт : Аз мувофиқати Эрон мабнӣ бар инки баёнияи муштараки чаҳоруми март ҳамчунон ба ироаи чорчӯбе барои ҳамкорӣ бо Ожонс ва расидагӣ ба масоили боқимонда идома медиҳад , истиқбол мекунад ва аз Теҳрон мехоҳад ки баёнияи муштаракро аз тариқи таъомули ҷиддӣ бо пешниҳодоти мушаххаси Ожонс , иҷро кунад .