Сенатори амрикоӣ: Бинёмин Натанёҳу ҷинояткори ҷангӣ аст
Узви маҷлиси Сенати Амрико, нахуствазири режими саҳюнистиро ҷинояткори ҷангӣ хонд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Алҷазира,Берн Сандерс-узви маҷлиси Сенати Амрико эълом кард, Бинёмин Натанёҳу- нахуствазири Исроил ҷинояткори ҷангӣ аст ва қатъан вай дар маросими суханронии Натанёҳу дар 24 июл дар Конгресс ҳозир нахоҳад шуд.
Сенатори барҷастаи амрикоӣ ду рӯз пеш низ бо такрори мухолифати худ бо даъват аз нахуствазири режими саҳюнистӣ барои суханронӣ дар Конгресси Амрико гуфт:Раиси Маҷлиси намояндагони ин кишвар бояд тавзеҳ диҳад, ки чаро сабабгори қатли « ҳудуди 37 ҳазор фаластини»-ро ба Конгресс даъват кардааст.
Бо гузашти беш аз ҳашт моҳ аз оғози таҷовузи бидуни натиҷа ва дастоварди режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза, ин режим рӯз ба рӯз бештар дар буҳронҳои дохилӣ ва хориҷии худ фурӯ меравад.
Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза эълом кард, омори шаҳидони Ғазза аз ҳафтуми октябр 2023 то кунун ба 36 ҳазору 731 нафар ва омори маҷрӯҳон ба 83 ҳазору 530 нафар расидааст.