Писари президенти Амрико муҷрим шинохта шуд
(last modified Wed, 12 Jun 2024 08:26:24 GMT )
Июн 12, 2024 13:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳонтер Байден, писари Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико
    Ҳонтер Байден, писари Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико

Писари президенти Амрико дар парвандаи фурӯши силоҳ гунаҳкор дониста шуд.

Ба гузориши Ирна, ҳайати мунсифа Ҳонтер Байденро ба аввалин фарзанди раиси ҷумҳурии Амрико табдил кард, ки муҷрим шинохта шуд.

Бозпурси вижа Дейвид Войс Ҳонтер Байденро ба ҷароиме муртабит бо изҳороти нодуруст ҳангоми хариди аслиҳаи гарм дар соли 2018 муттаҳам кард, ки ба иддаои додситонҳо ӯ ин силоҳро ҳангоми истифода аз маводи мухаддир дар ихтиёр доштааст.