Июн 13, 2024 11:01 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бар иҷрои оташбас дар борикаи Ғазза
    Таъкиди Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бар иҷрои оташбас дар борикаи Ғазза

Раиси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт иҷрои фаврии қатъномаи ахири Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои барқарории оташбас дар борикаи Ғаззаро хостор шуд.

Ба гузориши Ирно ,(Tedros Adhanom Ghebreyesus) раиси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бо ишора ба шароити вахими беҳдошт дар борика Ғазза гуфт , бахши қобили таваҷҷӯҳе аз ҷамъияти борикаи Ғазза ҳамчунон бо гуруснагӣ ва шароити шабеҳ ба қаҳтӣ мувоҷеҳ ҳастанд .

Раиси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳамчунин бо баёни инки аз назари беҳдоштии авзоъ дар Каронаи Бохтарии ҳам вахим аст афзӯд , тадовуми ҳамалоти режими саҳюнистӣ мӯҷиби эҷоди маҳдӯдиятҳои убур ва мурӯр ва монеъи дастрасии сокинони Каронаи Бохтарӣ ба муроқибатҳо ва хадамоти беҳдоштӣ шудааст .

Тедрос Аданом Гебреисус (Tedros Adhanom Ghebreyesus) бо таъкид бар инки густариши шаҳракҳои ғайриқонунии режими саҳюнистӣ дар минтақа бар дастрасӣ ба хадамоти беҳдошти таъсир манфӣ гузоштааст , тасреҳ кард , дар аксари манотиқи Каронаи Бохтарӣ , дармонгоҳҳо фақат ду рӯз дар ҳафта ва бемористонҳо бо ҳудӯди 70 дарсад зарфият кор мекунанд .

Қатъномаи 2735 Шурои амният барои барқарории оташбас дар борикаи Ғазза ва озодии асирон дар нишасти душанбеи 10 июни 2024 Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо 14 райи мусбат ва як райи мумтанеъ ( Русия ) ва бидуни ҳеҷ райи мухолифе тасвиб шуд.

 

Барчасп