Ифшои барномаи таслеҳоти биологии Амрико дар Африқо
(last modified Fri, 28 Jun 2024 15:13:33 GMT )
Июн 28, 2024 20:13 Asia/Dushanbe
  • Оё ҷаҳон таҳаммули як коронаи дигарро дорад?
    Оё ҷаҳон таҳаммули як коронаи дигарро дорад?

Бо ифшои барномаи таслеҳоти биологии Амрико дар Африқо суоли матраҳ ин аст, ки оё ҷаҳон таҳаммули як коронаи дигарро дорад?

Порс Тудей. Фармондеҳи воҳиди дифои ҳастаӣ, биологӣ ва шимиёии артиши Русия аз барномаҳои Амрико барои сохти силоҳҳои биологӣ дар қораи Африқо парда бардошт.

Игор Кириллов, фармондеҳи воҳиди дифои ҳастаӣ, биологӣ ва шимиёии артиши Русия рӯзи сешанбе эълом кард, асноде вуҷуд дорад, ки таъйид мекунад, ҳузури низомӣ - биологии Амрико дар Африқо ба суръат дар ҳоли густариш аст.

Ба гуфтаи Криллов, сохти як озмоишгоҳу маркази омӯзишӣ дар Эфиопия таҳти як барномаи муштарак ва бо ҳимояти молии Пентагон оғоз шудааст. Ҳамчунин кормандони муассисаи бемориҳои уфунии артиши Амрико дар соли 2023 мутолиаеро бар рӯи “Orthohantavirus” - хуффош дар Кения анҷом доданд.

Криллов дар идома дар хусуси нақши Украина дар чунин иқдомоте гуфт, ҷанбаҳои созмонӣ, лаҷистикӣ ва молии воридоти маводи родиюактив ба Украина шахсан тавассути раиси дафтари раиси ҷумҳурии ин кишвар назорат мешавад.

Ин мақоми рус афзуд, ки маводи родиюактиви воридшуда ба Украина метавонад барои эҷоди як бомбаи касиф, таҳти як амалиёти парчами дурӯғин алайҳи Русия истифода шавад.

Ҳушдори Русия дар бораи идомаи густариши тавонмандиҳои низомии биологии Амрико бо тавваҷуҳ ба хатароти ҷиддии он барои амнияти минтақаӣ ва амнияти ҷаҳонӣ сурат мегирад.

Бо вуҷуди ин ки Амрико узви Конвенсияи таслеҳоти биологӣ аст, ки дар соли 1972 тасвиб шуда ва аз соли 1975 ба иҷро даромадааст, аммо амалан аз пешгомони тавсеаи анвои мухталифи ин таслеҳоти ғайриинсонӣ маҳсуб мешавад.