Январ 10, 2017 20:33 Asia/Dushanbe
  • Ду инфиҷор дар Кобул бо 100 кушта ва захмӣ

Ду инфиҷор наздики Маҷлиси Афғонистон дар минтақаи Доруламон, бахше аз шаҳри Кобулро ба ларза даровард.

Ба иттилои Исно, бар асари ин ду инфиҷор, ки асри рӯзи сешанбе рӯй дод, 31 нафар кушта ва 70 нафар захмӣ шуданд.

Бо таваҷҷуҳ бо афзоиши шумори захмиҳо мумкин аст, теъдоди куштаҳо афзоиш ёбад.

Нахустин инфиҷор замоне иттифоқ афтод, ки як муҳоҷим ҷалиқаи инфиҷории худро наздики автобуси ҳомили кормандони давлати Афғонистон мунфаҷир кард ва инфиҷори дуввум низ 10 дақиқа баъд рух дод.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангуи Вазорати кишвари Афғонистон гуфтааст, ҳадафи ин инфиҷорҳо минтақае буд, ки дафтарҳои давлатӣ ва парлумон дар онҷо қарор гирифтаанд.

Гурӯҳи Толибон масъуляти ин инфиҷорҳоро ба уҳда гирифта ва Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангуи ин гурӯҳ дар паёме эълом кард, ҳадафи ҳамла мошини ҳомили кормандони идораи амнияти миллии Афғонистон будааст.

Дар ҳамин ҳол бар асари инфиҷор дар шаҳристони Лашкаргоҳи маркази устони Ҳилманди Афғонистони чаҳор нафар кушта ва ҳафт нафар захмӣ шуданд.

Ҳануз гурӯҳе масъуляти ин инфиҷорро ба уҳда нагирифтааст.

 

Барчасп