Июл 10, 2024 16:30 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши буҷаи низомии Ҷопон
    Коҳиши буҷаи низомии Ҷопон

Порстудей. Суқути арзиши йен дар баробари доллар дар соли ҷории мелодӣ ба пойинтарин ҳад дар чаҳор даҳаи ахир, барномаҳои Ҷопон барои бузургтарин тағйироти низомӣ дар таърихи пас аз ҷанги ҷаҳонии дувумро тазъиф кардааст.

Сардарди арзии Ҷопон дар бурҳае ҳассос рух додааст. Ба гузориши “Порстудей”, акнун бо коҳиши арзиши йен дар баробари доллар, ҳазинаи воридоти таҷҳизоти низомӣ барои Ҷопон, аз ҷумла чархбол, зердарёӣ ва тонк, ки бештараш амрикоӣ аст, ба шиддат афзоиш ёфтааст.

Дар соли 2022 Фумио Кишидо (Fumio Kishida), нахуствазири Ҷопон як стратегияи ҷадиди амнияти миллиро эълом кард, ки беш аз ду баробари миқдори пули ихтисосдодашуда барои ҳазинаҳои дифоиро афзоиш медиҳад. Буҷае 43 триллион йенӣ дар тӯли панҷ сол, муодили ҳудуди 319 миллиард доллар дар он замон.

Коҳиши арзиши йен дар се соли гузашта қимати колоҳои асосӣ монанди ғизову сӯхтро дар Ҷопон афзоиш дода ва бар ҳазинаҳои хонавор таъсир гузоштааст.

Коҳиши буҷаи низомии Ҷопон

 

Ба навиштаи рӯзномаи “Ню-Йорк таймс”, суқути йен дар соли ҷорӣ ба пойинтарин ҳад дар чаҳор даҳаи ахир, барномаҳои Ҷопон барои бузургтарин тағйироти низомӣ дар таърихи пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувумро тазъиф мекунад.

Давлати Ҷопон супоришҳои ҳавопайморо коҳиш додаасту мақомот ҳушдор медиҳанд, ки коҳиши бештар мумкин аст қарибулвуқуъ бошад.

Ҷопон бахши умдае аз таҷҳизоти низомии худро аз ширкатҳои амрикоӣ дар муомилоти анҷомшуда ба доллар харидорӣ кардааст. Қудрати хариди давлат ба далели коҳиши арзиши йен ба шиддат коҳиш ёфтааст.

Сатоши Моримото, вазири дифои слбиқи Ҷопон дар мусоҳибае гуфт: “Дар ҳоли ҳозир байни он чи мо аз назари қобилиятҳои дифоӣ аз он бархӯрдорем ва он чи ҳадафи аслии мост, тафовут вуҷуд дорад”.

Моримото дар ин мусоҳиба эълом кард, ки арзиши буҷаи дифоии Ҷопон тайи панҷ сол ба таври муассир 30 дарсад коҳиш ёфтааст.