Суиқасд ба ҷони Трамп ҳини суханронии интихоботӣ
Доналд Трамп-раисҷумҳури собиқи Амрико, ҳини суханронии интихоботӣ дар иёлати Пенсилвания мавриди суиқасд қарор гирифт.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, ба нақл аз Алҷазира, Трамп пас аз ин тирандозӣ дар ҳоле, ки хун рӯйи гӯши росташ дида мешуд, тавассути неруҳои амниятӣ ба хориҷ аз маҳалли суханронӣ мунтақил шуд.
Хабарнигорони ҳозир дар ин суханронӣ эълом карданд, ки пеш аз онки маъмурони хадамоти махфӣ ба самти Трамп бишитобанд, «маҷмӯаи садоҳои инфиҷори баландеро шуниданд».
Бар асоси ин гузориш, неруҳои махфӣ билофосила ба самти Трамп рафтанд ва вайро пӯшиш доданд.
Маъмурон Трампро, ки дар он лаҳза муштҳои худро дар ҳаво такон медод, гирифтанд ва ба хориҷ аз маҳалли суханронӣ мунтақил карданд.
Ба гуфтаи яке аз намояндагони ҷумҳурихоҳи Конгресс , ки дар радифи аввали тазоҳурот ҳузур дошт садои 8 то 10 гулӯла шунида шудааст ва ба назар мерасад,ки чанд нафар аз ҷамъияти мавриди бархурли гулулаи тир қарор гирифтаанд