Эрон иддаои дафтари Хавйер Мили дар мавриди дахолати шаҳрвандонаш дар инфиҷори "Амия"- ро маҳкум кард
(last modified 2024-07-15T13:21:21+00:00 )
Июл 15, 2024 18:21 Asia/Dushanbe
  • Эрон иддаои дафтари Хавйер Мили дар мавриди дахолати шаҳрвандонаш дар инфиҷори

Порс тудей - Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, изҳороти ғайри мустанади Вазири додгустарӣ ва баёнияи дафтари раёсатҷумҳурии Аргентина мабнӣ бар муттаҳамсозӣ ва низ иддаои дахолати атбои Эрон дар инфиҷори бино "Амия" (AMIA)-ро маҳкӯм кард.

Дар бомбгузории соли 1994 бинои фарҳангии мутааллиқ ба яҳудён дар Буэнос-Айрес, пойтахти Аргентина, беш аз 85 нафар кушта ва беш аз сесад нафар захмӣ шуданд. Пас аз ин ҳодиса, режими саҳюнистӣ ва бархе гуруҳҳои ҳамсӯ бо ҳадафи инҳирофи афкори умумӣ аз ҷиноёти ин режим дар манотиқи ишғол шудаи Фаластин, Эронро ба дахолат дар ин ҳодиса муттаҳам карданд.

Ба гузориши Порс тудей, Носири Канъонӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо хонаводаҳои қурбониён дар остонаи 30-умин солгарди ҳодисаи инфиҷори сохтумон "Амия"таҷдиди ҳамдардӣ кард.

Канъонӣ гуфт, кашфи ҳақиқату ҳалли қатъии ин парванда фақат бо фосила гирифтани тарафҳои зирабти кишвари Аргентина аз ағрози сиёсӣ ва ҷилавгирӣ аз эъмоли нуфӯз ва дахолати тарафҳои солис имконпазир аст.

Вай бо фарохондани мақомоти давлати Аргентина ба парҳез аз изҳороту иқдомоти Эронситезона, аз мақомоти ин кишвар хост, масолеҳи миллии Аргентина ва манофеи равобити дуҷонибаро дар маърази сенарияҳои Эронситезонаи меҳвари шаророти исроилӣ - амрикоӣ қарор надиҳанд.

 

Барчасп