Дабири кулли СММ: Ҳар нуқтае дар Ғазза, як қатлгоҳ аст
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, тадовуми ҳамалоти ҷинояткоронаи артиши режими наслкуши Исроил ба урдӯгоҳҳои оворагони фаластиниён дар Борикаи Ғазза, ҳар нуқта аз ин минтақаро ба қатлгоҳ табдил кардааст.
Ба гузориши ИРНА, Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид афзуд, ҳаҷми вайрониҳо дар Борикаи Ғазза, ғайри қобили дарк ва ғайри қобили қабул аст ва ҳеҷ макони амне дар Борикаи Ғазза вуҷӯд надорад.
Вай аз ҳамаи тарафҳо хост бо нишон додани шуҷоат, тамоюлашонро ба дастёбӣ ба тавофуқи оташбас эълом кунанд.
Пештар Инос Ҳамдон, мудири дафтари иттилоърасонии Ожонси имдодрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинӣ дар Борикаи Ғазза гуфт, аз оғози ҷанг 190 таъсисоти ин ожонс дар Борикаи Ғазза тахриб шудааст.