тафсир:Амрико нигарон аз назми чандқутбӣ дар ҷаҳон / талоши Русия, Чин ва Эрон барои назми ғайриамрикоӣ
(last modified 2024-07-22T14:11:21+00:00 )
Июл 22, 2024 19:11 Asia/Dushanbe
  • тафсир:Амрико нигарон аз назми чандқутбӣ дар ҷаҳон / талоши Русия, Чин ва Эрон барои назми ғайриамрикоӣ

Порс Тудей-Русия мӯътақид аст Ғарб дар муқобили талошҳо барои эҷоди як назми ҷаҳонии чандқутбӣ мунсифонатар ва босаботтар муқовимат мекунад.

Ба гузориши Порс тудей баррасиҳо нишон медиҳад, ки дар ин миён Ғарб ва ба вежа Амрико тамоми талош худро ба кор гирифтаанд, то ҷаҳонро аз пайвастан ба як низоми чандқутбӣ боз доранд.

 Аз он су раҳбарони Русия, Эрон ва Чин ва низ раҳбарони қудратҳои навзҳури дигар монанди Бразилия ва Ҳинд тамоюли худро барои назми чандқутбӣ иброз ва ҳатто муттаҳидони калидии Амрико низ ба ин амри муҳим таваҷҷуҳ кардаанд.

 Анотоли Антонов-сафири Русия дар Амрико дар мақолае барои муассисаи олмонии «Институт Шилр» дар ин бора навишт: «Русия ҳомии эҷоди як назми чандқутбии мунсифонатар ва босуботтар ва устувор бар маншури Созмони Милал ва асли баробарии ҳокимияти кишварҳост».

 Ончи мусаллам аст, он аст, ки Ғарб ба саркардагии Амрико дар ҷаҳони якқутбӣ бар хилофи усули ҳуқуқи байналмилал аз зӯр, таҳримҳои якҷониба, эҷоди гузинишии қонунҳои тиҷорӣ ва боҷхоҳӣ дар иртибот бо кишварҳо дар арсаи байналмилалӣ истифода мекунанд.

Яке аз қудратҳое, ки дар ин миён бозигари калидӣ дар арсаи шикастани назми ғарбӣ ва гузор ба назми чандҷониба шинохта мешавад Эрон аст. Ба гуфтаи яке аз корбарони шабакаи Х бо номи Саид Аббос Аҳмадӣ, Эрон яке аз қудратҳои дунёии чандқутбӣ аст. Ў навиштааст: Амрико намехоҳад шурӯъи тағйироти назми навини ҷаҳонӣ рух диҳад ва аз тарафе идомаи диктатории Амрико ҳам барои ҷаҳон гарон тамом хоҳад шуд. Ҷаҳони якқутбӣ дар ҳар шакле қобили ҳақ баровардан нест. Эрон интихоб кардааст дар дунёи нави чандқутбӣ яке аз қудратҳои ҷаҳонӣ бошад».

 Ба гуфтаи коршиносон яке аз аслитарин далелҳои эҷоди таҳрим бар Эрон ҳамин мавзӯъи муқобила бо қувватгирии назми навини ғайриамрикоӣ аст. Ба ҳар рӯй агарчи давлати Ҷо Байден - раисҷумҳури Амрико иқрор мекунад, ки ҷаҳони чандқутбӣ бозгаштааст, аммо ба назар мерасад ҳанӯз ба ёди давроне аст, ки Амрико берақиб буд.

 

Барчасп