Январ 11, 2017 19:34 Asia/Dushanbe
  • Талоши асоснок кардани боздошти хабарнигорон дар Озарбойҷон

Бо вуҷуди фирор ва муҳоҷирати шумори зиёде аз фаъолони сиёсию иҷтимоӣ аз Ҷумҳурии Озарбойҷон ба далели фишорҳои ҳокимият давлати Боку дар садади асоснок кардани муборизааш бо хабарнигорон ва кормандони расонаҳо дар дохили ин кишвар аст.

Дар ин иртибот Виқор Раҳимзода, узви ҳайати мудирияти Шӯрои матбуоти Ҷумҳурии Озарбойҷон дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар Боку бо ишора ба дастгир шудани чаҳор хабарнигори мустақил дар Ҷумҳурии Озарбойҷон тайи як моҳи ахир иддао кард, гурӯҳе аз хабарнигорон бо истифода аз ҳирфаи худ дар бораи афроди машҳури сиёсию иҷтимоӣ матолиби дур аз ҳақиқат нашр мекунанд. Додгоҳҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон барои боздошти ин даста аз хабарнигорон парвандаҳои таҳдидомез боз мекунанд.

Собиқаи ин ҷараён нишон медиҳад, давлати Боку барои боздошти фаъолони сиёсию иҷтимоӣ, рӯзноманигорон ва кормандони расонаҳо, мухолифон баҳонатарошиҳои мухталиферо матраҳ мекунад, тавре ки шиаҳо ва нерӯҳои исломгаро низ умдатан бо баҳонаҳое назири истифода ва паҳн кардани маводи мухаддир, доштани силоҳи ғайриқонунӣ, кӯшиши барҳам задани сохти конститутсионӣ, таъсиси ҳукумати исломӣ боздошт ва зиндонӣ мешаванд. Бо таваҷҷуҳ ба интиқодҳои дохилию байналамилалӣ аз ҳукумати Илҳом Алиев дар робита ба иттиҳомҳои тарҳрезишуда алайҳи мухолифон ба назар мерасад, ҳокимияти Боку акнун ба дунболи сохтани иттиҳомҳои камтар матраҳшуда алайҳи мухолифон аст. Дар ин иртибот ба назар мерасад, мавзӯи таҳдиди сиёсатмадорон ва афроди барҷаста аз тариқи навиштани матолиби ғайрвоқеӣ алайҳи сиёсатмадорон мавзӯи ҷадиде аст, ки давлати Боку бо ин баҳона низ метавонад садҳо тан аз мухолифони расонаии худро маҳкум ва зиндонӣ кунад.

Албатта, масъалаи таҳдиди рӯзноманигорон ва  кормандони расонаҳо аз мақомҳои давлатӣ мавзӯи ҷадиде нест ва аз гузашта собиқа дорад. Ин амр монанди фасоди молию иқтисодӣ ва ришва мероси даврони султаи коммунистӣ ва низоми мутамаркизи тасмимгирӣ аст. Ин мушкил аз қонунҳои ҳоким дар ҷомеаҳои коммунистӣ сарчашма мегирад. Дар ин гуна низомҳо аз даст додани шуғл ба маънои аз даст додани тамоми имконоти рифоҳӣ ва мавқеияти беҳтар дониста мешавад. Ба ҳамин далел афрод аз якдигар метарсиданд ва беҳтар медонистанд, ки танқид нашаванд.

Дар гузашта рӯзноманигорони машҳур бо гирифтани маблағи муайян аз навиштани мақола алайҳи афроди машҳур худдорӣ мекарданд. Бинобар ин дар тамоми даврони умр метавонистанд аз афроди хосе ришва дарёфт кунанд. Ба ибораи дигар ифшо кардани сирри афроди машҳур ва “фурӯхтан”-и онҳо бо баҳонаҳои мухталиф нигаронии мақомҳои баландпоя, кормандони давлатро, ки метарсиданд, ифшои чунин асрор боиси аз даст рафтани мақомашон мешавад, ба бор меовард. Ин вазъият пас аз таъсиси Ҷумҳурии Озарбойҷони мустақил низ ҳамчунон идома доштааст. Бо вуҷуди ин бо муруре ба собиқаи муборизаи ҳокимияти Боку бо рӯзноманигорон ва кормандони расонаҳо метавон гуфт, баид аст, ки ҳукумати Илҳом Алиев қасди мубориза бо ин даста аз рӯзноманигоронро дошта бошад. Аммо ин баҳона метавонад шумори зиёде аз мухолифони сиёсатҳои дохилию хориҷии давлати Бокуро зиндонию маҳбус кунад ва садои бахше аз мухолифонро дар нутфа нест намояд.

Ин дар ҳоле аст, ки шумори зиёде аз афроди таҳсилкарда ва кормандони расонаҳои Озарбойҷон тайи беш аз як даҳаи гузашта дар пайи муҳоҷират ё фирор аз кишвар будаанд. Бар асоси охирин гузоришҳои ниҳодҳои байналмилалӣ, ҳамасола 2500-3000 ҳазор хонаводаи озарӣ бино ба далоил сиёсӣ, иқтисодӣ ва маишӣ хостори хурӯҷ аз Ҷумҳурии Озарбойҷон мешаванд.