“Агар ҷопониҳоро қурбонӣ намекардем, ояндаи ҷаҳон пур аз ҷанг мешуд!” Тасовире баргузида дар солгарди қатли оми атомии Ҳерошима
Порс-тудей. 79 сол пеш дар чунин рӯзе шаҳри Ҳерошима дар Ҷопон тавассути Амрико бо бомбаи атомӣ вайрон шуд, ҷинояте ки осори он ҳамчунон боқӣ аст.
Шашуми августи соли 1945 як бомбафкани “Б – 29”-и артиши Амрико ба дастури Ҳари Труман, раисиҷумҳури вақти ин кишвар як бомбаи атомӣ бар рӯи шаҳри Ҳерошимаи Ҷопон андохт.
Ба гузориши “Порс-тудей”, бомбае ки рӯи Ҳерошима партоб шуд, бо номи мустаори «Писари кучулу» ҳазорон нафарро билофосила ва даҳҳо ҳазор нафарро низ то поёни ҳамон сол кушт.
Дар замони бомбаборон, Ҳерошима маҳалли зиндагии 280 то 290 ҳазор ғайринизомӣ ва ҳамчунин 43 ҳазор сарбоз буд. Баровард мешавад, ки байни 90 ҳазор то 166 ҳазор нафар бар асари инфиҷори ин бомба дар давраи чаҳормоҳа, пас аз инфиҷор ҷони худро аз даст доданд.
Вазорати энержии Амрико баровард мекунад, ки пас аз панҷ сол эҳтимолан 200 ҳазор нафар ё бештар дар натиҷаи ин бомбаборон кушта шуданд, дар ҳоле ки мақомоти шаҳри Ҳерошима мегӯянд, 237 ҳазор нафар ба таври мустақим ё ғайримустақим ба далели асароти бомба, аз ҷумла сӯхтагӣ ва бемории ношӣ аз шуъои ҳастаӣ ва саратон кушта шудаанд.
Се рӯз баъд Амрико дуюмин бомбаи атомии худро бо номи мустаори “Марди фарбеҳ” бар сари мардуми шаҳри Нагасакии Ҷопон андохт.
Ба гуфтаи мақомоти ҷопонӣ, ҳудуди 500 ҳазор нафар бар асари ҳамалоти атомии Амрико ба ин ду шаҳри Ҷопон ҷони худро аз даст доданд, қурбониёне ки аксаран ғайринизомӣ буданд.
Бомбаборони ҳастаии Ҳерошима ва Нагасакии Ҷопон танҳо мавориди истифодаи ҷангӣ аз силоҳи атомӣ дар ҷаҳон аст. Амрико ҳеҷ гоҳ аз бакоргирии ин бомбаҳо узрхоҳӣ накардааст.
Рафтори расонаҳои аслӣ ва таърихнигорони машҳури Амрико дар қиболи бомбаборони атомии Ҷопон, сохти ривоятҳое аҷиб бо меҳварияти муфиди муаррифӣ кардани ин иқдоми Амрико буд. Ба ривояти онҳо, агар Амрико ин корро намекард, ҷанг идома меёфту ҷаҳон гирифтори ҷангҳову кушторҳои бештаре мешуд. Албатта, пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум Амрико худ ин масъулиятро ба ӯҳда гирифт ва ба лашкаркашиҳову ҷангҳои мухталиф аз Кореяиву Ветнам гирифта то Ироқу Афғонистону Либия ва ҳавзаи Болкану Амрикои Лотин, иқдом карду кушту куштор роҳ андохт.
Бар асоси гузориши Муассисаи таҳқиқоти сулҳи байналмилалии Стокголм (SIPRI), ки дар соли 2023 мунташир шуд, дар ҳоли ҳозир 9 кишвар ва давлат, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия, Англия, Фаронса, Чин, Ҳинд, Покистон, Кореяи Шимолӣ ва Исроил силаҳи ҳастаӣ доранд.
Дар идомаи ин гузориш аз “Порс-тудей” тасовире аз шаҳри Ҳерошимаро пас аз бомбаборони атомии Амрико мебинед: