20 ҳазор шикояти таҷовузу озори ҷинсӣ танҳо дар 30 Маркази беҳдошти равонии Англия
(last modified 2024-08-18T05:24:29+00:00 )
Август 18, 2024 10:24 Asia/Dushanbe
  • 20 ҳазор шикояти таҷовузу озори ҷинсӣ танҳо дар 30 Маркази беҳдошти равонии Англия

Порс тудей - Таҳқиқоти ҷадид наздик ба 20 ҳазор шикояти таҷовузи ҷинсӣ ва озору азиятро, ки ҳам беморон ва ҳам коркунонро шомил мешавад, дар ҳудуди 30 маркази беҳдошти равон дар Англия аз соли 2019 кашф кардааст.

Расонаҳои Англия ифшо карданд, ки даҳҳо ҳазор бемор бо мушкилоти равонӣ дар марокизи дармонии вобаста ба Хадамоти саломати ҳамагонии ин кишвар ҳадафи озору таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтаанд. 
Ба гузориши Порс тудей, беморони саломати равон мегуянд, ки дар замони дармон дар марокизи Хадамоти саломати ҳамагонии Англия ҳадафи таҷовузу озори ҷинсӣ қарор гирифтаанд ва ин амр ба унвони як «расвоии миллӣ» тавсиф шудааст.
Таҳқиқоти “Sky News” ва “The Independent” наздик ба 20 ҳазор шикояти таҷовузи ҷинсӣ, суиистифода ва озору азиятро, ки ҳам беморон ва ҳам коркунонро шомил мешавад, дар ҳудуди 30 маркази беҳдошти равон дар Англия аз соли 2019 кашф кардааст. Ин таҳқиқот бо шаҳодати Alexis Quinn, шиногари ҷавони собиқи англисӣ, ки ривояти худро дар “Sky News” баён карда, оғоз шуд.
Ин шиногари собиқи англисӣ пас аз интишори гузоришҳои марбут ба озори ҷинсии беморон дар марокизи дармонии Сервиси саломати ҳамагонии Англия, аз муроқибатҳои дармонӣ, худдорӣ кард.
Ривояти ин зани ҷавони англисӣ дар “Sky News” бо унвони « подкасти бемори шумораи 11» мунташир шудааст. Пас аз шикояти ин шиногари собиқ, ҳеҷ як аз озоргарон бо таъқиби кайфарӣ ва иқдоми ҷиноӣ мувоҷеҳ нашуданд. Сипас чандин бемору хонаводаҳои онҳо барои гуфтани таҷрибаҳои худ иқдом карданд.
Дар ҳамин ҳол, модари 2 фарзанд гуфта, ки тайи 5 моҳ борҳо ҳадафи озори ҷинсии «ваҳшатнок» аз суи як корманди мард қарор гирифтааст.
Alexis Quinn гуфт, фикр мекардам танҳо ман ҳастам, аммо фақат ман нестам ва ҳазорон нафар монанди ман вуҷуд доранд.
Дар соли 2011, вазорати беҳдошти Англия мутааҳҳид шуд, ки муроқибатҳои мухталитро дар тамоми хадамоти бистариаш аз байн бибарад.
Ҳамчунин наздик ба 4 ҳазор ҳодисаи марбут ба эминии ҷинсӣ дар соли 2023 гузориш шудааст, ки болотар аз кулли рақами солона барои ҳар ду соли 2019 ва 2020 аст.
Фориғ аз он, беш аз 800 иддаои озори ҷинсӣ ва таҷовуз шомили беморони зан дар беш аз 20 марказ дар Англися байни солҳои 2019 то 2023 руй дода, ки танҳо 95 маврид аз онҳо ба полис гузориш шудааст.
Беш аз 500 иддаои таҷовузу озори ҷинсӣ низ дар марокизи бистарии равонпизишкии мухталити зану марди Сервиси саломати ҳамагонии Англия дар беш аз 20 марказ руй додааст.
 

Барчасп