Сентябр 07, 2024 15:15 Asia/Dushanbe
  • Пешравии Русия дар минтақаи Донеск

Вазорати дифои Русия аз озодии ҳафт шаҳрак дар минтақаи Донеск хабар дод .

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Вазорати дифои Русия дар баёнияе эълом кард , артиш ҳафтаи гузашта контроли ҳафт шаҳрак дар минтақаи Донескро дар ихтиёр гирифтааст .
Вазорати дифои Русия бо ишора ба 53 зиддиҳамлаи анҷомшуда аз тарафи неруҳои украинӣ барои бозпасгирии манотиқе, ки ба контроли артиши Русия даромадааст , афзуд: Дар ҷараёни ин даргириҳо артиши Украина 3 515 нафар аз неруҳои худро аз даст дода ва ҳамчунин 4 танк , 14 худрави зиреҳӣ ва 32 тӯпи саҳройии неруҳои украинӣ низ нобуд шудааст .
Бо вуҷӯди иддаои артиши Украина дар бораи ҳамла ба Курски Русия ва тасарруфи ҳудӯди 1 300 километри мураббаъ аз хоки ин кишвар , ҳеҷ гӯна мамониате дар тамаркузи Владимир Путин-раисҷумҳурии Русия бар тасарруфи шаҳри Покровскъйи Украина эҷод нашудааст .
Аз даст додани Покровскъй, ки роҳи оҳану хатҳои тадорукотии он барои артиши Украина ҳаётӣ аст , метавонад шаҳрҳои дигари ин кишварро низ дар маърази хатар қарор диҳад.

 

Барчасп