Бомбаҳои хаёлӣ: Чӣ гуна “Ню-Йорк пост” бо ададсозӣ дар бораи Эрон барои интихоботи Амрико тарс меофаринад
(last modified 2024-09-17T09:07:14+00:00 )
Сентябр 17, 2024 14:07 Asia/Dushanbe
  • Тасвири нодурусте аз вазъияти ҳастаии Эрон дар расонаи амрикоӣ
    Тасвири нодурусте аз вазъияти ҳастаии Эрон дар расонаи амрикоӣ

Порс-тудей. Бар хилофи иддаои “Ню-Йорк пост”, сиёсатҳои Трамп бо тазъифи дипломатияи байналмилалӣ, амалан роҳ барои пешрафтҳои ҳастаии Эронро боз кард.

Мақолаи мунташиршуда дар “Ню-Йорк пост” бо унвони «Эрон ба лутфи Байден дар остонаи ҳастаӣ шудан аст - муллоҳо хоҳони пирӯзии Ҳарис ҳастанд» (Iran is set to go nuclear, thanks to Biden — and the mullahs want Harris to win), бо иддаоҳои иғроқомезу ғайримустанад талош мекунад то тасвири нодурусте аз вазъияти ҳастаии Эрон ва таъсири сиёсатҳои давлати Байден бар ин мавзуъ ироа диҳад.

Ба гузориши “Порс-тудей”, ин мақола пур аз аъдоду иддаоҳое аст, ки на танҳо нодуруст ҳастанд, балки ба тарзи муғризонае барои эҷоди тарс ва беэътимодӣ дар миёни мардуми Амрико тарроҳӣ шудаанд.

Дар ибтидои мақола омадааст: “Эрон метавонад то замони поёни давлати Байден беш аз дувоздаҳ бомбаи ҳастаӣ тавлид кунад”.

Ин иддао, ки бар ҳеҷ мадраки илмӣ ё мустанаде устувор нест, ба вузуҳ талош дорад, ки вазъиятро ба шиддат вахим ҷилва диҳад. Бар асоси гузоришҳои муътабари байналмилалӣ, Эрон то кунун тавоноии лозим барои тавлиди таслеҳоти ҳастаиро надорад ва таҳти назорати Ожонси байналмилалии энержии атомӣ (IAEA) аст.

Илова бар ин, Эрон борҳо эълом кардааст, ки барномаи ҳастаии он сирфан сулҳомез аст ва ҳеҷ қасде барои тавлиди силоҳҳои ҳастаӣ надорад.

“Ню-Йорк пост” дар идома муддаӣ мешавад: «Теҳрон беш аз 6200 килограм уранро то сатҳи 5%, 20% ва 60% ғанисозӣ кардааст».

Дар ҳоле ки ин арқом мумкин аст ба лиҳози фаннӣ дуруст бошанд, нуктаи муҳиме, ки мақола нодида гирифта, ин аст, ки ғанисозии уран то ин сатҳҳо лузуман ба маънии наздик шудан ба тавлиди бомбаи ҳастаӣ нест. Барои тавлиди силоҳи ҳастаӣ уран бояд ба сатҳи болои 90% ғанисозӣ шавад, ки Эрон ҳанӯз ба он нарасидааст ва чунин иқдоме таҳти назорати байналмилалӣ бо паёмадҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Яке дигар аз иддаоҳои нодурусти мақола ин аст, ки “Эрон акнун беш аз 7400 сентрифугаи пешрафта дорад, ки метавонад ба суръат уранро ғанисозӣ кунад”. Ин адад бидуни санади муътабар ироа шудаву ҳадафи аслии он эҷоди тарс дар афкори умумӣ аст. Воқеият ин аст, ки бахши бузурге аз ин сентрифугаҳо ба далели маҳдудиятҳои БарҶом ва дигар тавофуқоти байналмилалӣ таҳти назорати шадид қарор доранд. Ҳамчунин, бахшҳои қобили таваҷҷуҳе аз ин зарфиятҳо дар натиҷаи сиёсатҳои таҳоҷумии давлати Трамп пас аз хуруҷ аз БарҶом афзоиш ёфтааст. Бар хилофи иддаои “Ню-Йорк пост”, сиёсатҳои Трамп бо тазъифи дипломатияи байналмилалӣ, амалан роҳ барои пешрафтҳои ҳастаии Эронро боз кард.

Дар мақола ҳамчунин омадааст: «Эрон акнун дар ҳоли сохти таъсисоте дар наздикии Натанз аст, ки ба қадре амиқ сохта шуда, ки дар баробари ҳамалоти ҳавоӣ масун хоҳад буд». Ин иддао низ муболиғаомез ва бо ҳадафи эҷоди ваҳшат ироа шудааст. Ҳарчанд Эрон пружаҳои ҷадидеро дар ҳавзаи ҳастаӣ оғоз карда, аммо тамомии ин иқдомот таҳти назорати созмонҳои байналмилалӣ монанди IAEA ҳастанд.

Дар бахши дигаре аз мақола “Ню-Йорк пост” баён мекунад: «Эрон дар раёсати ҷумҳурии Трамп камтар аз 2400 килограм урани камғанисозишуда тавлид карда буд». Ин иддао бо ҳадафи нишон додани тафовуте иғроқшуда байни давраҳои раёсати ҷумҳурии Трамп ва Байден матраҳ шудааст. Воқеият ин аст, ки сиёсатҳои Трамп, аз ҷумла хуруҷ аз БарҶом амалан боиси афзоиши фаъолиятҳои ҳастаии Эрон шуд, чаро ки ин кишвар пас аз хуруҷи Амрико аз тавофуқ маҳдудиятҳои худро коҳиш дод.

Шояд баҳсбарангезтарин бахши мақола ин бошад, ки ба таври ғайримустақим иддао мекунад, Эрон дар интихоботи Амрико ба дунболи пирӯзии Комола Ҳарис аст. Ҷолиб ин ки эрониёну масъулони эронӣ муътақиданд, ки демократҳо ҷараёни нифоқу тавтеаҳои мармуз алайҳи кишварашон ҳастанд.

“Ню-Йорк пост” менависад: «Агар Комола Ҳарис дар интихобот пирӯз шавад, амрикоиҳо шоҳиди террору хунрезӣ хоҳанд буд». Ин ҷумла ба вузуҳ на танҳо бепояву беасос аст, балки бо ҳеҷ гуна шавоҳиде пуштибонӣ намешавад. Истифода аз чунин забони таҳдидомезе танҳо нишондиҳандаи ангезаҳои сиёсии нависанда барои ҳамла ба номзади демократҳо аст, бо ҳамон ҳадафи эҷоди рабт миёни демократҳо ва Эрон.

Дар поён бояд гуфт, мақолаи “Ню-Йорк пост” беш аз он ки ба ироаи ҳақоиқу таҳлилҳои муътабар бипардозад, ба дунболи эҷоди фазои тарсу изтироб дар ҷомеаи амрикоӣ аст. Истифода аз аъдоду иттилооти бепоя бидуни ироаи манобеи мустанад, танҳо бар ин нукта таъкид дорад, ки ин мақола бо ҳадафи сиёсисозии масъалаи ҳастаии Эрон навишта шудааст, на ироаи як таҳлили дақиқ ва бетарафона.

 

Барчасп