Чаро Аврупо як вобастаи сиёсӣ аст?
Порс тудей - Ба гуфтаи як коршинос, чун аврупоеҳо наметавонанд дар қиболи масаълаи муҳимме монанди ҷанги Украина, мустақил аз Амрико сиёсатеро иттихоз кунанд, дар рӯйкарде мушобеҳ бо Вашингтон, ба дунболи тақобул бо Теҳрон ҳастанд.
Таҳрими ширкатҳои ҳавопаймоиии Эрону ҳамроҳӣ бо иддаои Иморот дар бораи ҷазоири се гона бо истифода аз лафзи «ишғолгарӣ» дар қиболи Теҳрон бо ҳадафи инҳирофи азҳон аз режими ишғолгари Исроил, нишон аз ин дорад, ки даври ҷадиде аз сиёсатҳои зиддиэронии аврупоиҳо шакл гирифтааст. Аммо чароии иттихози ин сиёсати зиддиэронии Аврупо дар шароити феълии Ғарби Осиё, меҳвари гуфтугӯи рӯзномаи “Шарқ” бо Алии Резвонпӯр, устоди донишгоҳу таҳлилгари аршади масоили Қораи Сабз аст, ки дар идомаи ин матлаб аз Порс тудей мехонед.
Ба назар мерасад, дар ҳафтаҳои ахир шоҳиди пурранг шудани сиёсатҳои зиддиэронӣ аз ҷониби аврупоиҳо ҳастем, ки аз як сӯ бо эъмоли таҳрим дар бораи ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва аз сӯи дигар, зайли ҳимоят аз иддаои Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар бораи ҷазоири се гона ҳамроҳ буд. Шиддати ин нигоҳи зиддиэронии аврупоиҳо ба ҳадде буд, ки аз вожаи «ишғолгар» барои Эрон истифода карданд. Аз манзари шумо далоили авҷгирии ин сиёсати зиддиэронии Қораи Сабз дар рӯзҳои ахир чист? Оё сирфан мавзӯ ба иддаоҳо дар бораи ҳимояти таслеҳотии Теҳрон аз Маскав дар ҷанги Украина боз мегардад ё далоили дигаре дар ин бораи нақшофарин ҳастанд?
Ин боиси ташдиди гусал дар равобити Эрону Аврупо дар давлати оқоӣ Пизишкиён хоҳад шуд?
Ташдиди гусал аз суи Эрон нест; чун оқои Пизишкиён ҳам дар шиорҳои интихоботӣ, ҳам дар маросими танфизу таҳлиф ва ҳам баъд аз он борҳо дар ҷаласот ва нишастҳо унвон кардааст, сиёсати хориҷии давлати чаҳордаҳум бар асоси ҳамон се асли маддиназари Раҳбари муаззами инқилоб, яъне иззат, ҳикмат ва маслиҳат аст ва барасоси ҳамин се асл, давлати ҷадид ба дунболи танзими равобит бо ҳамаи бозигарони минтақаӣ ва фароминтақаӣ хоҳад буд. Бинобар ин давлати чаҳордаҳум ба иқтизои ҳифзи манофӣ ва амнияти миллӣ, ҳарҷо ки лозим бошад, тасмимоташро хоҳад гирифт. Аммо дар такмили ончӣ гуфтам, ба назар мерасад, ҳам сиёсатҳои зиддиэронии режими саҳюнистӣ ва ҳам шантажҳои Иёлоти муттаҳидаи Амрико боис шудааст, акнӯн аврупоиҳо натавонанд ба дунболи як сиёсати мустақилу мубтанӣ бар эҳтироми мутақобил дар қиболи Эрон бошанд .
Дар бораи БарҶом, кишваре, ки аз ин тавофуқ хориҷ шуд, Эрон набуд. Аммо агар дар фурсати боқимонда, аврупоиҳо ва бавижа се кишвари узви БарҶом, ба дунболи фаъол кардани механизми моша ва бозгардондани қатъномаҳои Шӯрои амният бошанд, дар он сурат виҷҳаи онҳо зери савол меравад.
Чаро ?
Чун ин Теҳрон набуд, ки аз БарҶом хориҷ шуд ва дар ин бора худи амрикоиҳо ба сароҳат изъон доранд, ки бузургтарин фоҷеъа дар сиёсати хориҷии даврони Доналд Трамп, ҳамин хурӯҷ аз БарҶом буд ва баракси он чизе аст, ки расонаҳои амрикоӣ бар он таъкид доранд, ки Паймони Иброҳим ва оддисозии равобити Имороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Судон ва Марокаш бо режими саҳюнистӣ, бузургтарин дастоварди Доналд Трамп буд. Ин нуктае аст, ки National Interest онро эълом кардаасту баъд аз хурӯҷи Амрико буд, ки аврупоиҳо дучори навъе истисол дар иҷрои тааҳҳудоти худ, зайли БарҶом шуданд ва ба ҳамин восита то ба акнӯн аврупоиҳо, на танҳо тааҳҳудоти худро иҷроӣ накарданд, балки дуруст бар зидди он амал карданд ва ин дар таъйиди нуктае буд, ки қаблан ишора кардам, ки аврупоиҳо наметавонанд мустақил аз Амрико дар ҳеҷ мавзӯе аз ҷанги Украина гирифта то БарҶом ва соири мавзуоти ҳассоси як сиёсати ҷудогонаро пайгирӣ кунанд.
Ба се асли иззат, ҳикмату маслиҳати мадди назари раҳбарӣ ишора кардед. Ҳамзамон раҳбарӣ дар маросими танфизи Пизишкиён, ҳам назари худашонро барои иртиқои равобит бо Аврупо баён карданд. Оё дар сояи ҳамин нукта метавон иртиқои равобитро мушоҳида кард?
Дар маҷмӯ метавонам ин саволро ин гӯна ҷавоб бидиҳам, ки агар аврупоиҳо тайи моҳҳои оянда то октябри соли 2025 ба дунболи ташдиди сиёсати зиддиэронӣ ва иқдомоте назири фаъол кардани механизми моша ва бозгардондани қатъномаҳои Шӯрои амният бошанд, илова бар тахриби ваҷҳаи худ бояд масъулияти табаоти ин иқдомро ҳам бипазиранд. Вале агар дар муқобил, ба ҷои ташдиди сиёсати зиддиэронӣ, Аврупо роҳи ҳалле дар чорчӯби музокироти дипломатӣ ва мубтанӣ бар эҳтироми мутақобил дошта бошанд, қатъан давлати оқои Пизишкиён бар асоси се асли иззат, ҳикмату маслиҳат ба он посухи мусбат хоҳад дод. Пас ояндаи равобити Эрону Аврупо бастагӣ ба амалкарди худи аврупоиҳо дорад.