Корбарони интерентӣ дар бораи ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Эрон чӣ мегуянд?
(last modified Sun, 27 Oct 2024 06:58:33 GMT )
Октябр 27, 2024 11:58 Asia/Dushanbe
  • Корбарони интерентӣ дар бораи ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Эрон чӣ мегуянд?

Хабаргузории Садо ва симо бархе назароти корбарони хориҷӣ ва эрониро дар бораи ҳамлаи Исроил ба Эрон мунташир кардааст.

Эмили Гомми, варзишкори фаронсавӣ ва фаъоли ҳомии Фаластин карикатуре бо мавзӯи ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Эрону пинҳон шудани Бинямин Натаняҳу, нахуствазири ин режим дар замони ҳамла дар ҳисоби корбарии худ мунташир кард ва навишт, сабр кун ва бибин.

Image Caption

Корбари арабзабон ҳамлаи Исроил ба Эронро ба сухра гирифта Назира Алӣ, корбари арабзабон, ки худро зиди истеъморгарӣ муаррифӣ мекунад, бо интишори видеое дар сафҳаи расмии худ дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: Исроил ин гӯна ба Эрон ҳамла кард.

Куҳ мӯш зоид

Файсал Ал Қосим, фаъоли расонаи сурӣ дар ҳисоби корбарии Х худ навишт: Посухи Исроил дақиқан ҳамон гуна шуд, ки пешбинӣ мекардем. Куҳ мӯш зоид.

Image Caption

Хабарнигори шабакаи Само: Корбарони эронӣ ҳамла (шанбе)-ро сужаи ханда карданд

Муҳаммад Зибаъ, хабарнигори шабакаи Самои Сурия дар ҳисоби корбарии Х навишт: Корбарони эронӣ, расонаҳои исроилиро сужаи ханда карданд. Онон аксе аз {Саидҷаводи Ҳошимӣ}, бозигари эронӣ, мунташир ва иддао карданд, дар пайи ҳамлаи саҳюнистҳо террор шуда ва ӯ яке аз афсарони сомонаи падофанди ҳавоии Эрон аст.

Image Caption

Донишёри уммонӣ хитоб ба саҳюнистҳо: Мӯшҳо зури шумо фақат ба мардуми бегуноҳи Ғазза мерасад

Ҳамуд Ал Нофулӣ, донишёри Донишгоҳи Султон Қобуси Уммон дар вокуниш ба иттилорасонии Созмони радио ва телевизиони режими саҳюнистӣ дар бораи поён ёфтани ҳамлаи ин режим ба Эрон дар ҳисоби корбарии Х навишт: Чӣ қадар шумо, заиъфу буздилитон ҳамагӣ мояи расвоӣ аст. Аз имрӯз ҳама ба одисозии равобит бо Эрон рӯй хоҳанд оварад то аз он муҳофизат кунанд, аммо бо шумо чунин рафторе нахоҳанд кард. Эй мӯшҳо! зури шумо фақат ба мардуми бегуноҳи Ғазза мерасаду муқобили бузургмурдон пастфитрате беш нестед.

Сутуннависи арабии 21: Ҳадаф аз ҳамла ба Эрон бедори кардани мардум барои намози субҳ буд

Анис Мансур, сутуннависи рӯзномаи арабии 21 дар ҳисоби корбарии Х навишт: Ҳадафи ин ҳамла бедор кардани мардум барои намози субҳ буд. Як моҳ таҳдид . . Як ҳафта ифшои иттилоот . . Натиҷа фақат ҳаво кардани тараққа ва болун буд ва ба шумо гуфтанд, 100 ҳавопаймо. Кори Исроил тамом шуд ва суқӯт кард. Ин режим ба самти нобудӣ меравад.

Image Caption

Хабарнигори ироқӣ: Ва Эрон пирӯз шуд

Наҷоҳ Муҳаммадлӣ, хабарнигори ироқӣ ва коршиноси ҳавзаи Эрон дар ҳисоби корбарии Х навишт: Ва Эрон пирӯз шуд . . Субҳатон ба хайру хушӣ . . Ба Худо умед дошта бошед . . Пирӯзӣ, ки Худо ваъда дода, наздик аст.

Image Caption

Рӯзноманигори лубнонӣ: Фақат Исроил аст, ки метавонад 5 кишварро бомбаборон кунад ва ҳамчунон ба унвони қурбонӣ шинохта шавад

Муҳаммад Сафо, рӯзноманигори лубнонӣ дар паёме дар Твиттер навишт: Исроил, Эрон, Ғазза, Лубнон, Яману Сурияро бомбаборон кард. Нақзи ғайри қобили бовари Конвенсияи Вена. Фақат Исроил метавонад 5 кишварро бомбаборон кунад ва ҳамчунон ба унвони қурбонӣ шинохта шавад.

Image Caption

 

 

Барчасп