Ҳокимияти давлати Кобул дар 64 дарсади хоки Афғонистон
(last modified Sat, 14 Jan 2017 06:23:33 GMT )
Январ 14, 2017 11:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳокимияти давлати Кобул дар 64 дарсади хоки Афғонистон

Идора бозрасии Амрико дар умури бозсозии Афғонистон (SIGAR) дар гузорише эълом кард, ки беш аз 36 дарсади хоки ин кишвар дар тасаллути Толибон қарор дорад.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, дар гузориши раиси Идораи бозрасии Амрико дар умури бозсозии Афғонистон омадааст, дар авохири соли 2016 нерӯҳои амниятии афғон 64 дарсад аз кулли кишварро дар ихтиёр доштаанд, ки ин рақам дар муқоиса бо авохири соли 2015 9 дарсад кам мебошад. Ҷон Сапко ҳамчунин иддао кардааст, ки гурӯҳи Толибон таҷҳизоти амрикоиро аз нерӯҳои амниятии афғон харидорӣ мекунанд.

Дар идомаи ин гузориш гуфта мешавад, нерӯҳои амниятии Афғонистон қодир ба таъмини амнияти ин кишвар нестанд ва дар муқобила бо ҳамалоти Толибон нотавонанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Ҳукумати Афғонистон борҳо гузоришҳои SIGAR-ро дар ин хусус рад кардааст.

Аз замони ҳуҷуми Амрико ба Афғонистон дар соли 2001 то кунун бо баҳонаи мубориза бо терроризм Вашингтон собит кардааст, ки тавони мубориза бо гурӯҳҳои мухолифи давлати Кобул, аз ҷумла Толибонро надорад ва амнияти ин кишвари ҷангзада рӯз ба рӯз вахимтар мешавад.