Ифтитоҳи маркази фарҳангии Роҳи Абрешим дар пойтахти Покистон
Декабр 12, 2024 08:29 Asia/Dushanbe
Маркази фарҳангии Роҳи Абрешим дар Исломобод бо иштироки дипломатҳо, сафирон ва дӯстдорони фарҳанг аз кишварҳои марбут ба Роҳи таърихии Абрешим ифтитоҳ ёфт.
Ба гузориши сервиси байналмилалии хабаргузории Садо ва Сима, ин марказ бо ҳадафи таҳкими табодули фарҳангӣ ва ҳамбастагии миллатҳои масири Роҳи Абрешим фаъолиятҳое аз қабили намоишгоҳҳо, коргоҳҳои омӯзишӣ ва намоишҳои ҳунариро пешкаш мекунад.