Пушти ҷанги паҳподӣ дар Африқо чӣ кишварҳое ҳастанд?
(last modified Tue, 11 Mar 2025 07:12:20 GMT )
Март 11, 2025 12:12 Asia/Dushanbe
  • Пушти ҷанги паҳподӣ дар Африқо чӣ кишварҳое ҳастанд?
    Пушти ҷанги паҳподӣ дар Африқо чӣ кишварҳое ҳастанд?

Порс-Тудей. Як расонаи англисӣ аз ривоҷи бидуни назорати паҳподҳои арзонқимат дар Африқо хабар дод.

Рӯзномаи англисии «Гордиан» дар гузорише навишт: Густариши паҳподҳои низомӣ бидуни ҳеҷ гуна контрол дар Африқо идома дорад ва тақрибан 1000 ғайринизомӣ дар ҳамалоти низомии паҳподӣ дар саросари ин қорра кушта шудаанд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, дар се соли мунтаҳӣ ба ноябри 2024, ҳаддиақал 50 ҳамлаи маргбор тавассути неруҳои мусаллаҳ дар Африқо ба сабт расидааст.

Ба навиштаи Исна ва ба нақл аз “Гордиан”, бештари паҳподҳои низомӣ дар Африқо аз Туркия ва ҳамчунин Чин ворид мешаванд. Ба гуфта коршиносони низомӣ, ин паҳподҳо қодиранд аз роҳи дур ва барои соатҳои тӯлонӣ дар масофатҳои зиёд парвоз кунанд, амалиёти шиносоӣ ва ҳамалоти ҳавоӣ анҷом диҳанд.

То кунун истифода аз паҳподҳои низомӣ дар дастикам 6 минтақаи даргирӣ дар Африқо таъйид шудааст. Ба гуфтаи ин расона, Судон, Сомали, Нигерия, Мали, Буркина-Фассо ва Эфиопия аз ҷумлаи кишварҳои африқоие ҳастанд, ки шоҳиди бештарин ҳамалоти паҳподӣ будаанд.

Ҳамалоти паҳподӣ тавассути неруҳои мусаллаҳи Эфиопия алайҳи гуруҳҳое монанди «Ҷабҳаи озодибахши халқи тигрой» муҷиби кушта шудани беш аз 490 ғайринизомӣ дар 26 ҳамлаи ҷудогона шудааст. Дар соири нуқот, дастикам 64 ғайринизомӣ дар 9 ҳамлаи паҳподӣ, ки тавассути неруҳои мусаллаҳи кишвари Мали алайҳи гуруҳҳои ҷудоиталаб дар шимоли ин кишвар анҷом шуда, кушта шудаанд.

Дар кишвари Буркина-Фассо низ муҳаққиқон дарёфтанд, ки беш аз 100 ғайринизомӣ дар ҳамалоти паҳподии артиши ин кишвар ҷон бохтаанд.

Истифода аз ин паҳподҳо дар манотиқи пурҷамъияти Судон низ монанди бозорҳои Хартум авоқиби вахиме барои ғайринизомиён доштааст. Ин гузориш муддаӣ аст, ки неруҳои мусаллаҳи Судон аз паҳподҳои чиниву туркӣ истифода кардаанд ва дар муқобил неруҳои вокуниши сареъ аз паҳподҳои таъминшуда тавассути Иморот баҳра бурдаанд.

Тибқи ин гузориш дар Буркина-Фассо ҳам неруҳои низомии ин кишвар аз паҳподҳои “Байрақдор ТБ-2”, сохти Туркия дар муборизаи худ истифода кардаанд. Бо ин ҳол, ривоятҳои манобеи майдонӣ ағлаб тасвири мутафовите ироа ва нишон медиҳанд, ки ин ҳамалоти паҳподӣ талафоти болои ғайринизомиёнро ба ҳамроҳ дорад. Барои мисол, дар яке аз ҳамалот дар минтақаи соҳил дар августи соли 2023, паҳподҳо бозореро дар рустои Боро ҳадаф қарор доданд, ки мунҷар ба кушта шудани ҳаддиақал 28 ғайринизомӣ шуд.

Куро Мурис, таҳлилгаре аз гуруҳ «Ҷангҳои паҳподии Англия» дар ин замина гуфт: Дар бораи густариши истифода аз паҳподҳои низомӣ дар ҷанги Украина таҳқиқоти густардае анҷом шудааст, аммо ба афзоиши истифода аз паҳподҳои арзонтару воридотӣ дар Африқо тавваҷуҳи кофӣ нашудааст, аз ҷумла паҳподҳои «Байрақдор ТБ-2»-и Туркия.