Бозигари Амрикоӣ: Ба суръат дар ҳоли ақабгард ҳастем
(last modified Tue, 01 Jul 2025 04:50:12 GMT )
Июл 01, 2025 09:50 Asia/Dushanbe
  • Бозигари Амрикоӣ, Charlize Theron
    Бозигари Амрикоӣ, Charlize Theron

Порс-Тудей. Баррасиҳои ҷадид нишон медиҳад, мизони маҳбубияти раиси ҷумҳури Амрико дар байни рай диҳандагони мустақил ба поинтарин сатҳ, дар давраи дувуми раёсати Ҷумҳурии ӯ расидааст .

Таҳлилгарон бар ин боваранд, агар ин раванд идома ёбад , мумкинаст такяи Трамп бар пойгоҳи суннатиаш кофӣ набошад , чироки рай диҳандагони мустақили ағлаб, таъйинкунандаи натиҷаи ниҳоии интихобот ҳастанд ва тамоюл доранд бо тавваҷуҳ ба амалкарди воқеӣ ва на вобастагии ҳизбӣ , тасмим бигиранд .

 Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз хабаргузории “Tаснӣм” , баррасиҳои ҷадид нишон медиҳад Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико бо нишонаҳои ҳшдор диҳндае аз сӯи рай диҳандагони мустақили мувоҷеҳ шудааст , зеро мизони маҳбубияти ӯ дар миёни ин гуруҳ, ба поинтарин сатҳ дар давраи дувуми раёсати Ҷумҳуриаш расидааст .

Бар асоси арзёбии додаҳои торнамои Амрикоии “Decision Desk HQ (DDHQ )” , мизони адами таъйиди амалкарди Трамп ба унвони раиси ҷумҳур дар миёни рай диҳандагони мустақил барои нахустин бор аз замони оғоз ба кори вай , аз марзи 60 дарсад убур кард . Ин коҳиш, бахше аз як раванди густардатар дар уфти маҳбубияти куллии Трамп дар моҳ июн аст .

Таҳлилгарон муътақиданд, норизоятӣ аз наҳваи мудирияти иқтисодӣ тавассути Трамп, яке аз далоили аслии ин уфт дар миёни рай диҳандагони мустақил аст . Ин тағйир нигариш метавонад барои Демукротҳо фурсатии муҳим фароҳам кунад , дар ҳоле ки дар талош барои бозсозии эътилофи интихоботии худ барои соли 2026 ва фаротар аз он ҳастанд .

“Financial Times”: Aфзалияти Трамп манофеъи шахсӣ аст

Дар идомаи интиқодҳо аз Трамп рӯзномаи “Financial Times”, дар гузорише навишта аст, ки амалкарди вай дар арсаи сиёсати хориҷа боиси сардаргумии кишварҳои ҷаҳону сармоягузорон шудааст . Ин авзоъ боис мешавад натавон ояндаро пешбинӣ кард . Дар идомаи ин гузориш омадааст , ҷаҳон дар баробар касе қарор дорад, ки манофъеи шахсии худро бартар аз ҳар чашмандози роҳбурдӣ медонад .

Интиқод аз сиёсатҳои муҳоҷиратии Трамп

Аз сӯи дигар, Charlize Theron , бозигари Амрикое аз сиёсатҳои муҳоҷиратии Трамп , интиқод кард . Theron гуфт: Mо ба суръат дар ҳоли ақабгард ҳастем . Сиёсатҳои муҳоҷиратии давлати Амрико, зиндагии хониводаҳоро нобуд карда , на муҷримонро ; ҳуқуқи занон ҳар рӯз камтар мешаваду хушунати мубтанӣ бар ҷинсият дар ҳол афзоишаст . Ин як сиёсат нест , балки як дидгоҳи шахсӣ аст . Лаънат ба онҳо!