Фармони ҷанҷолии Трамп; ҳазфи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз барӯйхатгирии нави Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i121426
Порс Тудей – Раисиҷумҳури Амрико баргузории барӯйхатгирии наверо барои ҳазфи муҳоҷирони бидуни санад аз шумориши аҳолиро хостор шуд.
(last modified 2025-08-09T08:52:52+00:00 )
Август 09, 2025 13:42 Asia/Dushanbe
  •  Фармони ҷанҷолии Трамп; ҳазфи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз барӯйхатгирии нави Амрико

Порс Тудей – Раисиҷумҳури Амрико баргузории барӯйхатгирии наверо барои ҳазфи муҳоҷирони бидуни санад аз шумориши аҳолиро хостор шуд.

CNN ба тозагӣ навишт: Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар паёми худ дар «Truth Social» ба Вазорати тиҷорати ин кишвар дастур додааст, ки кори бар рӯйхатгирии нави Иёлоти Муттаҳидаро оғоз кунад, ки муҳоҷирони бидуни санадро аз шумориши аҳолӣ ҳазф кунад.

Ба гузориши Порс Тудей, Трамп афзуд: «Афроде, ки ғайриқонунӣ дар Амрико ҳастанд, дар барӯйхатгирӣ ҳисоб намешаванд.»

Ин дастури Трамп, тағйироти қобили таваҷҷуҳе дар усулҳои суннатии барӯйхатгирӣ дар Амрико ба вуҷуд меорад, зеро барӯйхатгириҳои қаблӣ ба таври таърихӣ тамоми сокинонро, новобаста аз вазъи муҳоҷиратии онҳо, дар бар мегирифт. Дар ҳоле ки фишор аз сӯи Кохи Сафед барои бознигарӣ дар нақшаҳои Конгресс ва ба нафъи Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар остонаи интихоботи миёнамӯҳлати 2026 афзоиш ёфтааст, Трамп умедвор аст, ки ин тағйирот ба тақвияти мавқеи Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихобот кӯмак кунад.

Бар асоси Қонуни Асосии Иёлоти Муттаҳида, баргузории барӯйхатгирии миллӣ ҳар даҳ сол як бор ҳатмист, то намояндагии Конгресс муайян шавад. Барӯйхатгирӣ барои шумориши тамоми сокинони Иёлоти Муттаҳида тарҳрезӣ шудааст ва ислоҳи чаҳордаҳуми Қонуни Асосӣ низ бар шумориши «шумораи кулли афрод» дар ҳар иёлот таъкид дорад. Ҳар гуна тағйир дар раванди барӯйхатгирӣ метавонад таъсири зиёд ба тавозуни қудрат дар иёлотҳо ва Маҷлиси намояндагон бигузорад.

Ба назар мерасад, ки ин иқдоми Трамп метавонад ба даргириҳои дохилӣ доман бизанад. Пешбинӣ мешавад, ки як барӯйхатгирии зудҳангом метавонад боиси интиқоли курсиҳои Маҷлис аз иёлатҳои демократӣ ё иёлатҳои марзӣ ба иёлатҳои ҷумҳурихоҳ шавад. Ҷеффри Вайс, устоди ҳуқуқ дар мактаби ҳуқуқи Ню-Йорк, дар ин бора гуфт: «Трамп наметавонад ба таври якҷониба фармони баргузории барӯйхатгирии навро барои ҳадафҳои бозтақсимоти курсиҳо содир кунад.»

Трамп қаблан низ дар давраи раёсатҷумҳуриаш кӯшиш карда буд, ки барӯйхатгирии соли 2020-ро тағйир диҳад ва саволе дар бораи шаҳрвандӣ барои аввалин бор аз соли 1950 ба он илова кунад. Ин пешниҳод бо мухолифатҳои ҷиддӣ рӯбарӯ шуд ва Додгоҳи Олии Амрико онро рад кард. Мунтақидон бар ин боваранд, ки илова кардани ин савол боиси коҳиши шумориши ақалиятҳо ва шаҳрвандон мешавад.

Дар ҳоли ҳозир, Трамп ягона сиёсатмадори ҷумҳурихоҳ нест, ки хостори тағйир дар барӯйхатгирӣ аст. Марджори Тейлор Грин, намояндаи Ҷорҷия, ахиран лоиҳае пешниҳод кардааст, ки дар он барӯйхатгирии нав барои шумориши танҳо шаҳрвандон пешниҳод шудааст. Ҳамчунин, Рон Десантис, губернатори Флорида низ ахиран аз афзоиши курсиҳои иёлати Флорида дар Конгресс дифоъ кардааст.

Ин тағйирот дар барӯйхатгирӣ охирин иқдоми Трамп аст, ки шубҳаҳоеро дар бораи гузоришҳои бетарафи давлатӣ ба вуҷуд овардааст. Ҳафтаи гузашта, ӯ доктор Эрика МакАнтерфер, комиссари Идораи омори меҳнатро барканор кард ва ӯро ба таҳриф кардани гузоришҳои шуғл барои аҳдофи сиёсӣ муттаҳам намуд.