Бартарӣ бо таъми фарсоиш; таҳлили паёмадҳои молӣ ва роҳбурдии низомии Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i121638-Бартарӣ_бо_таъми_фарсоиш_таҳлили_паёмадҳои_молӣ_ва_роҳбурдии_низомии_Амрико
Порс Тудей - Таҳлилгарон аз оқибатҳои молиявӣ ва роҳбурдии ҳузури густурдаи низомии Вашингтон ҳушдор медиҳанд.
(last modified 2025-09-23T05:43:04+00:00 )
Август 21, 2025 11:48 Asia/Dushanbe
  • Бартарӣ бо таъми фарсоиш; таҳлили пайомадҳои молӣ ва роҳбурдии низомии Амрико
    Бартарӣ бо таъми фарсоиш; таҳлили пайомадҳои молӣ ва роҳбурдии низомии Амрико

Порс Тудей - Таҳлилгарон аз оқибатҳои молиявӣ ва роҳбурдии ҳузури густурдаи низомии Вашингтон ҳушдор медиҳанд.

Мақолае бо унвони «Баҳои бартарӣ: посухе ба миллати бемасраф» ба тозагӣ мунташир шуда ва ба баррасии сиёсати хориҷии Иёлоти муттаҳида дар даврони президентии Доналд Трамп пардохтааст.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз пойгоҳи таҳлилии "Форин Афферс" (Foreign Affairs), ин матлаб бо нақди дидгоҳе, ки аз таҳдиди сиёсатҳои Трамп барои назми ҷаҳонии пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум сухан гуфта буд, нишон медиҳад, ки тағйироти асосӣ дар ҳузури низомии Амрико тайи ин давра рух надодааст.

Бар асоси додаҳои мавҷуд, ҳудуди 200 ҳазор нерӯи низомӣ ва садҳо пойгоҳи амрикоӣ ҳамчунон дар нуқоти мухталифи ҷаҳон фаъол ҳастанд ва ҳеҷ як аз эътилофҳои низомии аслӣ барҳам дода нашудааст. Ихтилофҳои Трамп бо муттаҳидон низ умдатан бар сари саҳми буҷаи дифоии онон будааст, на дигаргунии бунёдӣ дар равобит.

Дар айни ҳол, кишварҳои аврупоӣ ва осиёӣ ҳамчунон аз Вашингтон мехоҳанд сатҳи кунунии ҳимояти амниятии худро идома диҳад. Таҳлилгарон аммо ҳушдор медиҳанд, ки ҳазинаҳои султаи ҷаҳонии Амрико бисёр сангин аст; аз густариши беш аз ҳадди нерӯҳо гирифта то фишори муҷтамаи низомӣ-саноатӣ ва бори ҳимоят аз муттаҳидоне, ки тавоноии худкифоӣ надоранд. Ба бовари онон, ин ҳазинаҳои пинҳони молиявӣ, роҳбурдӣ ва амалиётӣ пурсиши асосиеро матраҳ мекунад.

Оё ҳифзи бартарии ҷаҳонӣ барои Амрико воқеан арзиши он баҳоеро, ки мепардозад, дорад? Ин пурсиш дар шароите ҷиддитар матраҳ мешавад, ки Иёлоти муттаҳида ҳамзамон бо чолишҳои иқтисодии дохилӣ ва маҳдудиятҳои буҷавӣ даст ба гиребон аст.