Райгирии пеш нависи қатъномаи оташбаси Ғазза дар Шӯрои амният ; имрӯз 
https://parstoday.ir/tg/news/world-i122000-Райгирии_пеш_нависи_қатъномаи_оташбаси_Ғазза_дар_Шӯрои_амният_имрӯз
Порс Тудей- Пешнависи қатъномаи 10 узви ғайридоими Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дарбораи оташбас дар Ғазза ба рай гузошта мешавад .
(last modified 2025-09-20T02:31:54+00:00 )
Сентябр 18, 2025 13:40 Asia/Dushanbe
  • Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид
    Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид

Порс Тудей- Пешнависи қатъномаи 10 узви ғайридоими Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дарбораи оташбас дар Ғазза ба рай гузошта мешавад .

Шӯрои амнияти Cозмони Милали Муттаҳид асри рӯзи панҷшанбе ба вақти маҳаллӣ ( Ню-Йорк ) ҷаласае дарбора вазъияти ғарби Осиё аз ҷумла Фаластин баргузор хоҳад кард . Намояндагии Кареяи ҷанӯбӣ ба унвони раиси давраи Шӯрои амният чаҳоршанбе шаб ба вақти маҳаллӣ эълом кард : Ин нишаст барои тасвиби пеш нависи қатъномаи 10 узви ғайри доими Шӯрои амният ба раҳбарии Дания барои барқарории оташбас дар Ғазза барномарезӣ шудааст . Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз Ирно , 10 ъзуи интихоби ( ғайри доим ) Шурои амният тасвиби пеш нависи қатъномаеро хосторанд ки бар оташбаси доим дар Ғазза ва имдодрасонӣ ба мардуми ин минтақа таъкид дорад . Манобеи диплумотик пешбинӣ мекунанд ки ин қатънома бо мухолифати Амрико дар ҳимоят аз Исроил ба тасвиб нарасад .

Пеш аз ин ва дар июни гузашта , Амрико пеш нависи қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро ки хоҳони оташбаси фаврӣ , бидӯни қайду шарт ва доимии миёни Исроилу Ҳамос дар борикаи Ғазза ва дастрасии бе монеъи кумакҳои башардӯстона ба ин минтақа буд , вето кард .

Дар ин райгирӣ , 14 узви дигари Шӯрои амният ба пеш нависи қатънома райи мусбат доданд . Ин аввалин вето аз сӯии Амрико аз замони оғоз ба кори Доналд Трамп раиси Ҷумҳурии Амрико дар январи 2025 буд .

Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъаи 12 сентябр бо аксарияти қотеъ ба қатъномае ки аз сӯйи Фаронса ва Арабистони Саъӯди ироа шуда буд ва эъломияи Ню-Йорк дарбораи ҳали мусолиматомези масъалаи Фаластин ва иҷрои роҳи ҳали ду давлат ва  ташкили кишвари Фаластинро таъйид мекунад , рой дод .

Ин қатънома бо касби 142 райи мусбат , 10 райи мухолиф ва 12 райи мумтанеъи эъломияи Ню-Йорк дарбораи ҳалу фасли мусолиматомези мавзӯи Фаластин ва роҳкори ду давлатро тасвиб кард .

Артиши Исроил дар сеюм сентябри ҳамлае барои ишғоли комили шаҳри Ғазза оғоз кард ки интиқодҳо ва эътирозотиро дар даруни режими Исроил барангехт ва боиси нигаронӣ дарбораи ҷони асирон ва низомиёни Иироилӣ шудааст .

Ин ҳамла бо мавҷи маҳкӯмият аз сӯйи шахсиятҳо , сиёсатмадорон , кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ рӯбарӯ шудааст .