Фаластин дар БРИКС - гоме тоза дар масири истеъморзудоӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i122384-Фаластин_дар_БРИКС_гоме_тоза_дар_масири_истеъморзудоӣ
Порс-Тудей. Вуруди Фаластин ба гуруҳи БРИКС агар муҳаққақ шавад, сирфан як иттифоқи дипломатӣ нест, балки нуқтаи атфе дар масири истеъморзудоии ҷаҳонӣ аст.
(last modified 2025-10-13T11:58:55+00:00 )
Октябр 13, 2025 16:57 Asia/Dushanbe
  • Фаластин дар БРИКС - гоме тоза дар масири истеъморзудоӣ
    Фаластин дар БРИКС - гоме тоза дар масири истеъморзудоӣ

Порс-Тудей. Вуруди Фаластин ба гуруҳи БРИКС агар муҳаққақ шавад, сирфан як иттифоқи дипломатӣ нест, балки нуқтаи атфе дар масири истеъморзудоии ҷаҳонӣ аст.

“Middle east monitor” ба тозагӣ дар матлабе навишт: БРИКС ки дар ибтидо ба унвони иттиҳодии иқтисодӣ миёни кишварҳои навзуҳур шинохта мешуд, имрӯз ба блоке табдил шудааст, ки на танҳо сохторҳои молии ҷаҳониро ба чолиш мекашад, балки ривоятҳои сиёсӣ, ахлоқӣ ва таърихиро низ бозтаъриф мекунад.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, дар дили таҳаввулоти ҷаҳонӣ Фаластин намоди муборизае аст, ки ҳанӯз поён наёфтааст. Бар хилофи бисёре аз кишварҳои африқоӣ ва осиёӣ, ки тавонистанд аз султаи истеъморгарон раҳо шаванд, Фаластин ҳамчунон даргири ишғоли низомӣ, муҳосираи иқтисодӣ ва ҳазфи маърифатӣ аст.

Пайвастани ин миллат ба БРИКС на танҳо ҷуброни як беадолатии таърихӣ аст, балки эъломи вуруд ба марҳалае ҷадид аз истеъморзудоӣ аст, марҳалае, ки дар он муқовимати сирф ҷои худро ба мушорикати фаъол дар сохтани назми ҷаҳонии ҷадид медиҳад.

Конфронси Бандунг дар соли 1955 нахустин талоши кишварҳои тозаистиқлолёфта барои сохтани ҷаҳоне мустақил аз дуқутбии қудрат буд. Онҳо эълом карданд, ки дигар намехоҳанд муҳраҳои ҷанги сард бошанд, балки мехоҳанд дар тарроҳии ояндаи ҷаҳонӣ нақш дошта бошанд. Имрӯз БРИКС вориси маънавии ҳамон ормонҳост, аммо бо абзорҳое бисёр муассиртар:

Бонки тавсеае мустақил аз ниҳодҳои ғарбӣ

Созукорҳое барои коҳиши вобастагӣ ба доллар

Ҳамкориҳои фанноваронаву зерсохтӣ миёни кишварҳои ҷануб

Ва муҳимтар аз ҳама, блоке сиёсӣ, ки беш аз 40%-и ҷамъияти ҷаҳонро намояндагӣ мекунад.

Дар чунин бистаре Фаластин дигари як “масъала” нест, ки бояд мудирият шавад, балки як шарик аст, ки дар тарроҳии оянда нақш дорад. Ин тағйир на танҳо дар сатҳи сиёсат, балки дар сатҳи ривоят низ таҳаввулофарин аст. Фаластине, ки дар расонаҳои ғарбӣ ағлаб ба унвони манбаи бесуботӣ муаррифӣ мешавад, дар БРИКС ба унвони намоди каромат, омилият ва муқовимат дида мешавад.

 

Фаротар аз жестҳои намодин - тафовут миёни ҳамдилӣ ва ҳампаймонӣ

Дар солҳои ахир бархе кишварҳои аврупоӣ бо жестҳои намодин, Фаластинро ба расмият шинохтаанд. Аммо ин ба расмият шинохтан ағлаб бидуни авоқиби амалӣ будааст. Кишварҳое, ки ҳамзамон бо Исроил тиҷорати аслиҳа мекунанд, ҷосусафзор мехаранд ва дар маҷомеи байналмилалӣ аз он ҳимояти дипломатӣ мекунанд, наметавонанд муддаии ҳамбастагии воқеӣ бо Фаластин бошанд.

Дар муқобил, БРИКС чизе фаротар ироа медиҳад, ҳимояти сохторӣ. Аз сармоягузорӣ гирифта то Бонки тавсеаву ҳамбастагии сиёсӣ. Ин тафовут миёни ҳарфҳои қашангу амали воқеӣ аст. Узвияти Фаластин дар БРИКС вогароии стратегӣ аз риёкории Аврупоро нишон медиҳад. Фаластин дигар ба дунболи ба расмият шинохтани намодин нест, балки хоҳони мушорикати воқеӣ дар шаклдиҳӣ ба иқтисоди сиёсии ҷаҳон аст.

Ҳузури Фаластин дар БРИКС машруияти ахлоқии тозае ба ин сарзамин медиҳад. Солҳост, ки БРИКС дар нигоҳи Ғарб сирфан як бошгоҳи иқтисодӣ дида мешавад. Аммо бо пайвастани Фаластин, БРИКС ба унвони як ҷунбиши адолатмеҳвар ва зидди истеъмор ҳам шинохта хоҳад шуд. Ин яъне чандқутбӣ будан фақат тақсими қудрат нест, балки бозтавзеи каромати инсонӣ ҳам ҳаст.

Дар дили ин таҳаввул, паёмадҳои чандқутбӣ будани асил ошкор мешавад. Ҷаҳоне ки дар он тавсеа, гаравгони вомҳои машрут нест, тиҷорат ба маънои вобастагӣ нест ва ҳокимият тавассути таҳримҳо хурд намешавад.

Фаластин, ки солҳо дар музокироти ҷаҳонӣ танҳо ва бесадо буд, ҳоло дар канори кишварҳое мисли Чин, Ҳинд, Бразилия, Эрон ва Африқои Ҷанубӣ қарор мегирад. Ин яъне дигар наметавон онро нодида гирифт. Исроилу муттаҳидонаш маҷбур хоҳанд шуд бо Фаластине рӯ ба рӯ шаванд, ки пуштивонае ҷаҳонӣ дорад. Ин тағйир муҳосиботи дипломатиро дигаргун хоҳад кард.