Эҷоди сомонаи дифои мӯшакии зидди Эрон ва Кореяи Шимолӣ дар Амрико
Ҳукумати ҷадиди Амрико сомонаи мӯшакии пешрафтаеро дар чорчӯби замонати амнияти худ тавлид хоҳад кард.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Кохи Сафед рӯзи ҷумъа дар баёнияе ба унвони дубора қудратманд кардани артиши Амрико эълом кард, ҳукумати Доналд Трамп, раисҷумҳури ҷадиди Амрико сомонаи мӯшакии пешрафтае барои ҳифозат дар баробари ҳамалоти мӯшакӣ аз сӯйи кишварҳое, назири Эрон ва Кореяи Шимолӣ тавлид мекунад.
Кохи Сафед дар ҳоле баҳонаи тавлиди сомонаи мӯшакии пешрафтаро ҳамалоти мӯшакии Эрон ва Кореяи Шимолӣ қарор дода, ки сиёсати Амрико бар мабнои сиёсати империалистӣ шакл гирифта, идомаи ин сиёсат ноамниро дар сатҳи ҷаҳон густариш додааст. Сиёсати ишғолгарӣ дар манотиқи мухталиф, аз ҷумла Афғонистон дар соли 2001 ва Ироқ дар соли 2003, ки бо баҳонаи замонати амният анҷом шуд, ба ташкили гурӯҳҳои мухталифи террористии зери ҳимояти Амрико ва густариши ноамнӣ дар ҷаҳон анҷом ёфт. Ҷон Керри, вазири умури хориҷии пешинаи Амрико, ахиран, этироф кард, ки Амрико бо ҳадафи тағйири Башор Асад, раисҷумҳури Сурия иҷоза дод, ДИИШ ташкил шавад ва барои таъмини пайравони ин гурӯҳ бо силоҳ кӯмак кард.