Хатту нишонҳои Рубио барои ҷаҳон; таъйиде бар хӯи таҷовузгарии Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i123700-Хатту_нишонҳои_Рубио_барои_ҷаҳон_таъйиде_бар_хӯи_таҷовузгарии_Амрико
Порс Тудей– Марко Рубио, вазири хориҷаи Амрико пас аз ҳамлаи Амрико ба Венесуэла барои соири кишварҳои ҷаҳон хатту нишон кашид.
(last modified 2026-01-04T06:54:39+00:00 )
Январ 04, 2026 11:37 Asia/Dushanbe
  • Хатту нишонҳои Рубио барои ҷаҳон; таъйиде бар хӯи таҷовузгарии Амрико

Порс Тудей– Марко Рубио, вазири хориҷаи Амрико пас аз ҳамлаи Амрико ба Венесуэла барои соири кишварҳои ҷаҳон хатту нишон кашид.

Ба гузориши Порс Тудей, Марко Рубио, вазири хориҷаи Амрико бо тамҷид аз ҳамлаи низомии кишвараш ба Венесуэла барои соири кишварҳои ҷаҳон хатту нишон кашид ва бар ҷиддӣ будани Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар дар амал ба таҳдидоташ таъкид кард. Рубио гуфт: «Трамп раисҷумҳури амал аст, на ҳарф ва ҳама бояд ин воқеиятро дарк кунанд. Ончи барои Мадуро иттифоқ афтод, як паёми равшан ва сареҳ дорад. Ҳеҷ кас набояд бо Трамп бозии сиёсӣ ё фиребкорона кунад. Агар то ҳоло намедонистед, ҳоло дигар бояд мутаваҷҷеҳ шуда бошед.»

Вазири хориҷаи Амрико ҳамчунин кишвари Куборо таҳдид кард ва гуфт: давлати Кубо бояд пас аз ҳамлаҳои низомии Амрико ба Венесуэла «нигарон» бошад. Пеш аз ин, Трамп гуфт, ки Кубо мумкин аст ба бахше аз мавзӯоти сиёсати густардатар Амрико дар минтақа табдил шавад; мавзӯе, ки нишон медиҳад Вашингтон эҳтимолан қасд дорад тамаркузи худро фаротар аз Венесуэла густариш диҳад, он ҳам дар шароите, ки танишҳо дар Амрикои Лотин рӯ ба афзоиш аст.

Иёлоти Муттаҳида бомдоди шанбе 3 январ дар иқдоме, ки бо мавҷе аз вокунишҳои байналмилалӣ мувоҷеҳ шудааст, ба Венесуэла ҳамла кард. Расонаҳо аз вуқӯи инфиҷорҳо ва мушоҳидаи сутунҳои дуд дар Каракас ва чанд иёлати дигар хабар доданд ва Трамп низ бо интишори паёме нақши Амрикоро таъйид кард. Ниҳоятан Трамп эълом кард, ки Николас Мадуро ва ҳамсараш дастгир шуда ва равонаи Амрико шудаанд.

Ҳамлаи Иёлоти Муттаҳида ба Венесуэла дар чорчӯби сиёсати хориҷии давлати Трампро метавон дар қолаби мафҳуме, ки худи ӯ борҳо бар он таъкид карда, яъне «сулҳ аз тариқи қудрат» таҳлил кард. Ин равиш бар пояи ин бовар шакл гирифта, ки Амрико танҳо замоне метавонад манофеъ ва амнияти худ ва муттаҳидонашро тазмин кунад, ки қудрати низомӣ ва иқтисодиашро бемаҳобо ба намоиш бигузорад ва дар мавоқеи лозим аз зӯр барои пешбурди аҳдофаш истифода кунад.

Дар воқеъ, Трамп бар ин эътиқод аст, ки нишон додани заъф ё ақибнишинӣ дар баробари рақибон ва душманон на фақат Вашингтонро аз дастёбӣ ба аҳдофаш бозмедорад, балки заминасози ташвиқи рақибон ва душманони Амрико ба иқдомоти ба истилоҳ хасмонаи бештар хоҳад шуд. Бинобарин, ӯ ба вижа дар давраи дувуми риёсатҷумҳурияш сиёсатеро дунбол карда, ки дар он фишорҳои дипломатик, таҳримҳои иқтисодӣ аз ҷумла эъмоли тарифҳои тиҷории ҷадид ва абзори низомӣ ба унвони унсурҳои аслии қудрати Амрико ба кор гирифта шудаанд.

Намунаҳои мутааддиде аз ин сиёсат дар нуқоти мухталифи ҷаҳон қобили мушоҳида аст. Дар ғарби Осиё, Трамп дар давраи аввали риёсатҷумҳурии худ бо хуруҷ аз тавофуқи ҳастаии Эрон ва эъмоли шадидтарин таҳримҳо талош кард то Теҳронро водор ба тағйири рафтор кунад. Ин иқдом на танҳо нишондиҳандаи истифода аз зӯри иқтисодӣ буд, балки паёми равшане ба дигар кишварҳо дод, ки Амрико омода аст тавофуқоти байналмилалиро канор бигузорад, агар онҳоро нокофӣ ё таҳдидомез бидонад. Трамп дар давраи дувуми риёсатҷумҳуриаш бо ҳамдастии режими саҳюнистӣ ба Эрон ҳамла кард, то бор дигар истифода аз зӯр барои таҳаққуқи аҳдофи Амрикоро ба намоиш бигузорад.

Дар Амрикои Лотин, сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи давлати Венесуэла ва ҳимоят аз мухолифони Николас Мадуро намунаи дигаре аз ин равиш буд. Таҳдид ба мудохилаи низомӣ ва эъмоли таҳримҳои густарда алайҳи Каракас нишон дод, ки давлати Трамп ҳозир аст барои тағйири режимҳои мухолифи худ аз абзори зӯр истифода кунад. Ин сиёсат бо вокунишҳои тунд дар сатҳи байналмилалӣ мувоҷеҳ шуд ва бисёре онро нишонае аз хуи таҷовузгарии Амрико донистанд. Бо ин ҳол, Трамп ва муттаҳидонаш ин иқдомотро дар чорчӯби «сулҳ аз тариқи қудрат» тавҷеҳ мекарданд ва муддаӣ буданд, ки танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз густариши нуфузи душманони Амрико, эъмоли фишори беамон аст.

Саранҷом низ Трамп пас аз ҳудуди се моҳ истиқрори нерӯ дар баҳри Кариб ва ҳамла ба шиноварҳое, ки ба иддаои ӯ дар қочоқи маводи мухаддир даст доштанд, бо ҳамлаи ҳавоӣ ба Каракас иқдом ба рабудани раисҷумҳури Венесуэла ва ҳамсараш намуд ва бо интиқоли онҳо қасди муҳокимаи Мадуроро дорад. Трамп барои пешбурди аҳдофаш ибтидо ба душманонаш анвои барчасбҳоро мезанад ва сипас бар мабнои ҳамон иддаоҳо алайҳи онҳо иқдом мекунад. Трамп пеш аз ин изъон карда буд, ки нафти Венесуэла мутааллиқ ба Амрико аст ва бадин тартиб нияти воқеии худ аз ҳамла ба Венесуэларо нишон дод.

Дар шарқи Осиё низ сиёсати Трамп дар қиболи Кореяи Шимолӣ дар давраи аввали риёсатҷумҳурии ӯ намунаи боризе аз таркиби таҳдиди низомӣ бо дипломатия буд. Ӯ дар ибтидо бо таҳдид ба «оташ ва хашм» талош кард Пхенянро маръуб кунад ва сипас вориди музокироти мустақим бо раҳбари Кореяи Шимолӣ шуд. Ин таркиб нишон медиҳад, ки дар нигоҳи Трамп, қудрат ва зӯр пешшарти ҳаргуна музокира ва тавофуқ аст. Ба иборати дигар, ӯ бовар дошт, ки танҳо замоне метавон ба сулҳ даст ёфт, ки тарафи муқобил ибтидо қудрати Амрикоро ба расмият бишиносад ва аз тарси он пойи мизи музокира бинишинад.

Бо ин ҳол ин музокирот ба ҳеҷ ҷое нарасид ва Кореяи Шимолӣ низ бо пешбурди барномаи таслиҳоти ҳастаии худ ба боздорандагии мӯътабаре дар муқобили Амрико даст ёфтааст; ба наҳве ки Трамп дигар ҳеҷ коре бо Пхенян надорад.

Сиёсати «сулҳ аз тариқи қудрат»-и Трамп дар арсаи байналмилалӣ паёмадҳои мутаноқизи доштааст. Ҳарчанд дар бархе маворид ин равиш мунҷар ба водор кардани бархе кишварҳо ба ақибнишинӣ ё музокира ва иддаои Вашингтон дар ин бора шуда, ки Амрико ҳамчунон қодир аст иродаи худро таҳмил кунад. Аммо аз сӯи дигар, истифодаи густарда аз зӯр ва таҳримҳо боиси афзоиши беэътимодии ҷаҳонӣ нисбат ба Амрико шуда ва бисёре аз кишварҳо сиёсатҳои мустақилтареро дар пеш гирифта ва ё ба самти эътилофсозӣ ҳаракат кардаанд то аз фишорҳои Амрико дар амон бимонанд.

Дар ниҳоят, ин сиёсат беш аз онки сулҳи пойдор ба ҳамроҳ дошта бошад, ба ташдиди рақобатҳо ва афзоиши танишҳо ва бесуботӣ дар нуқоти мухталифи ҷаҳон ва таҳдиди сулҳ ва амнияти байналмилалӣ анҷомидааст.

Ба таври куллӣ, сиёсати Трамп мубтанӣ бар сулҳ аз тариқи қудратро метавон талоше барои бозгардондани султа ё гегемонияи Амрико донист; гегемонияе, ки бо намоиши қудрати низомӣ, фишори иқтисодӣ ва таҳдид ба зӯр ҳамроҳ аст. Ба назар мерасад Рубио ва Трамп фаромӯш кардаанд, ки сулҳе, ки бар пояи зӯр бино шавад, ҳамвора шикананда ва нопойдор хоҳад буд, зеро ба ҷои эҷоди эътимод ва ҳамкорӣ, бар ҳаросафканӣ ва иҷбор устувор аст ва мусалламан ҳамвора дар маърази фурӯпошӣ хоҳад буд.