“Вашингтон пост”: Эрон тавони ҳадаф қарор додани пойгоҳҳои низомии Амрикоро дорад
-
Ҳушдори кишварҳои минтақа ба Амрико дар бораи тавони мушакии Эрон
“Порс-Тудей”. Рӯзномаи “Вашингтон-пост” бо истинод ба арзёбиҳои амниятии муттаҳидони Вашингтон таъкид кард, ки Эрон ҳамчунон аз тавон мушакии муассире бархӯрдор буда ва қодир аст манофеи низомии Амрико, аз ҷумла беш аз 10 пойгоҳ ва даҳҳо ҳазор низомии ин кишвар дар минтақаро ҳадаф қарор диҳад.
Ба навиштаи “Вашингтон-пост”, бар асоси арзёбии таҳияшуда аз сӯи яке аз муттаҳидони Амрико дар халиҷи Форс, Эрон тавони ҳифзи муҳиммоти кӯтоҳбурд, сакӯҳои партоб ва қобилияти тавлиди мушакро дошта ва ин тавонмандиҳо метавонад таҳдиде ҷиддӣ барои аҳдофи амрикоӣ дар минтақа бошад.
Бар асоси ин гузориш, тавони Эрон дар анҷоми ҳамалоти талофиҷӯёнаи муассир, нақши муҳиме дар муҳосиботи давлати Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ҳангоми афзоиши истиқрори неруҳои амрикоӣ дар атрофи Эрон доштааст. Трамп, ки пештар аз эҳтимоли иқдоми низомӣ сухан гуфта буд, дар идома мавзеи худро тағйир додаву бозгашти Теҳрон ба музокироти ҳастаиро хостор шуд. Мавзӯе ки бо хуруҷи Амрико аз БарҶом дар соли 2015 дар таноқуз қарор дорад.
Як дипломати эронӣ дар гуфтугӯ бо ин рӯзнома афзуд, ки Теҳрон барои таомули муҳтарамона омодагӣ дорад, аммо таҳти фишору таҳдиди низомӣ вориди музокира нахоҳад шуд. Амрико пештар низ дар ҳамлаи 12 рӯза дар канори режими саҳюнистӣ мушорикат дошт ва пас аз он Эрон бо ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи ҳавоии Алъудайд дар Қатар вокуниш нишон дод.
Бар асоси таҳлили “Вашингтон-пост”, Эрон ба муттаҳидони Амрико дар минтақа нишон додааст, ки тавони иҷрои ҳамалоти маргбор дар халиҷи Форсро дорад ва дар сурати вуқуи даргирии ҷадид, ин ҳамалоти маҳдуду контролшуда нахоҳад буд.
Ҳамзамон бархе кишварҳои арабии халиҷи Форс, аз ҷумла Арабистони Саудӣ ва Имороти Арабии Муттаҳида эълом кардаанд, ки иҷозаи истифода аз хок ё ҳарими ҳавоии худ барои амалиёти низомӣ зидди Эронро нахоҳанд дод.