Трамп хуруҷи Амрикоро аз Паймони Уқёнуси Ором имзо кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i12443-Трамп_хуруҷи_Амрикоро_аз_Паймони_Уқёнуси_Ором_имзо_кард
Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии ҷадиди Амрико дастури хуруҷи Амрико аз тавофуқи тиҷорати озоди “Транс-Посифик”-ро имзо кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 24, 2017 08:26 Asia/Dushanbe
  • Трамп хуруҷи Амрикоро аз Паймони Уқёнуси Ором имзо кард

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии ҷадиди Амрико дастури хуруҷи Амрико аз тавофуқи тиҷорати озоди “Транс-Посифик”-ро имзо кард.

Ба гузориши “Пресс ТВ”, Доналд Трамп пас аз имзои ин дастур гуфт, хуруҷ аз Паймони тиҷорати озоди “Транс-Посифик”, ба суди коргарони амрикоӣ хоҳад буд.

Ҷудоӣ аз тавофуқи тиҷорати озоди “Транс-Посифик”, яке аз ваъдаҳои аслии Трамп дар маъракаи интихоботиаш буд.

Ин паймон аслитарин сутуни иқтисоди давлати Барак Абама барои чархиш ба самти кишварҳои минтақаи Уқёнуси Ором буд ва Амрико бо ҳадафи рӯёрӯӣ бо қудратёбии Чин дар ин минтақа, ба ин паймон пайваста буд.

Кишварҳои Австралия, Бруней, Канада, Чили, Ҷопон, Малайзия, Мексика, Зелландияи нав, Перу, Сингапур ва Амрико имзокунандагони ин тавофуқнома ҳастанд.

 Ин 12 кишвар 40 дарсади иқтисоди ҷаҳонро дар ихтиёр доранд.

Иқдоми Трамп дар лағви узвияти Амрико дар паймони “Транс- Посифик” қатъан Ҷопон ва дигар кишварҳои баҳрабардор аз ин муоҳидаи тиҷориро ба вокунишҳои тунд ва интиқод во хоҳад дошт.