Ҷоми ҷаҳонии 2026; Мессӣ ва ёронаш ба финали Ҷоми ҷаҳонӣ расиданд
-
Пирӯзии Аргентина муқобили Англия дар марҳалаи нимниҳоии Ҷоми ҷаҳонии 2026
Порс Тудей- Охирин набард дар марҳилаи нимниҳоии Ҷоми ҷаҳонии 2026 байни Аргентина ва Англия бо пирӯзӣ ва суъуди Аргентина ҳамроҳ буд.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, дастаҳои миллии футболи Англия ва Аргентина соати 22:30 чоршанбешаб ба вақти Теҳрон дар марҳилаи нимниҳоии Ҷоми ҷаҳонии 2026 дар варзишгоҳи Атланта рӯ ба рӯи ҳам қарор гирифтанд, ки ин бозӣ бо натиҷаи 2 бар 1 ба суди Аргентина ба поён расид.
Лионел Мессӣ, ситораи аргентинӣ ба унвони беҳтарин бозигари ин дидор интихоб шуд.
Ба ин тартиб дастаҳои миллии Аргентина ва Испания дар финали Ҷоми ҷаҳонии 2026 шомгоҳи якшанбе 19 июл ва аз соати 22:30 дар варзишгоҳи Ню-Йорки Амрико ба мусобиқаи ҳам мераванд ва дастаҳои Фаронса ва Англия низ дар дидори радабандӣ бомдоди якшанбе ва аз соати 00:30 рӯ ба рӯи ҳам қарор мегиранд.