Тағйири сиёсати Британия дар қиболи Башор Асад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i12579
Вазири умури хориҷаи Британия дар Кумитаи мунтахаби равобити байналмилали Маҷлиси лордҳои ин кишвар, аз тағйири сиёсати Британия дар қиболи Сурия сухан гуфт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 27, 2017 17:51 Asia/Dushanbe
  • Тағйири сиёсати Британия дар қиболи Башор Асад

Вазири умури хориҷаи Британия дар Кумитаи мунтахаби равобити байналмилали Маҷлиси лордҳои ин кишвар, аз тағйири сиёсати Британия дар қиболи Сурия сухан гуфт.

Ба гузориши рӯзномаи англисии “Гордиян”, Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷаи Британия гуфт, Лондон пазируфтааст, ки дар сурати барқарории сулҳ дар Сурия, бояд ба Башор Асад, раиси ҷумҳурии ин кишвар иҷоза дода шавад, дар интихобот ҳузур дошта бошад.

Ҷонсон гуфт, Британия муддати тӯлонӣ таъкид дошт, ки Асад бояд биравад, аммо дар ҳеч марҳилае натавонист ин мавзӯро амалӣ кунад ва исрор бар ин мавзӯъ сабаб шуд то Лондон бо мушкилоте рӯбарӯ шавад.

Вазири умури хориҷаи Британия ҳамчунин гуфт, муҳим аст, ки давлати Доналд Трамп ин мавзӯро бипазирад, ки ҳар тавофуқе бо Русия барои поён додан ба муноқишаи Сурия, бояд бо Эрон, ки дигар муттаҳиди аслии Асад аст, ҳамоҳанг бошад.

Ҷонсон ин изҳоротро рӯзи панҷшанбе ва як рӯз пеш аз дидори Тереза Мэй, нахуствазири Британия бо Доналд Трамп дар Вашингтон матраҳ кард.

Шикасти норозиён ва гурӯҳҳои террористӣ дар шаҳри роҳбурдии Ҳалаб, қатъӣ будани мавзеи Трамп ба бозсозии равобит бо Русия ва тағйири сиёсати Туркия дар қиболи Русия, муодилаҳоро дар Сурия барҳам задааст.